Шабнами Сурайё дар Маскав консерт медиҳад
Овозхони шинохтаи тоҷик Шабнами Сурайё рӯзи 24 май дар тарабхонаи «Белое золото”-и шаҳри Маскав аз ними шаб то субҳ консерт медиҳад. Ин нахустин ҳунарнамоии Шабнами Сурайё баъди даргузашти додари ягонааш Эмомалиҷон дар моҳи апрел мебошад.
Намояндаи овозхони тоҷик Шабнами Сурайё ин хабарро тасдиқ карда гуфтааст, ки ин овозхони шинохта рӯзи 24 май дар шаҳри Маскав консерт хоҳад дод. Ин консерт дар тарабхонаи «Белое золото”, воқеъ дар кӯчаи Лескови пойтахти Русия баргузор мешавад.
Қарор аст, консерти Шабнами Сурайё нимашаб оғоз ёфта, то субҳ идома кунад. Арзиши чиптаҳо ба ин консерт 2500- 3000 рублро ташкил медиҳад.
Ин намоянда гуфтааст «Баъди фоҷиае, ки ба сари хонаводаи Шабнами Сурайё дар моҳи апрел омад, мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ӯ дар Тоҷикистон бояд иштирок мекард, бекор кардем. Вале ҳунарнамоиҳои ӯро дар хориҷ ширкатҳои олмонӣ танзим мекунанд ва азбаски қарордод баста шуда буд, коре карда натавонистем. Фақат рӯзашро қафо партофтем, то ки Шабнам чили додарашро дода, баъд ба роҳ барояд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ