Шабохуни Толибон дар Мазори Шариф

Бар асари ҳамлаи Толибон ба консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон, 4 нафар кушта ва беш аз 100 тани дигар захмӣ шудаанд.

Соатҳои тақрибан 23:00-шаби гузашта ба вақти маҳаллии Афғонистон, як мошини пур аз маводи тарканда дар баробари девори консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори Шариф мунфаҷир шудааст.Вазорати умури хориҷии Олмон шоми панҷшанбе хабар дод, ки даргириҳои Толибон бо нерӯҳои амниятии Афғонистон ва НАТО дар атрофи консулгарии Олмон дар шаҳри Мазори то нимаҳои шаб идома доштааст. Вазорати умури хориҷии Олмон эълон кард, ки дар пайи таркиши интиҳории шаби панҷшанбе ва оғози ҳамлаҳои Толибон, нишасти изтирории бӯҳрон, баргузор кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Олмон ҳамзамон гуфтааст, ки ин ҳамла поён ёфтаст ва ба кормандони олмонии консулгарӣ осебе нарасидааст.Дар ҳамин ҳол, Мунир Фарҳод, сухангӯи волии Балх д гуфтааст, ки пулис дар ҳоли ҳозир маҳали ҳодисаро муҳосира кардааст, аммо аз сӯи муҳофизони консулгарӣ барояшон иҷозаи вуруд ба дохили ин макони дипломатӣ дода намешавад, то ҳодисаро баррасӣ кунанд.Аз тарафи дигар, фармондеҳи амнияти Балх гуфт, ки дар маҳали ҳодиса ҳузур доранд ва то ба ҳол талафоти дақиқи ин ҳамла дар даст нест. Аммо Нурмуҳаммад Файз, сардухтури бемористони ҳавзаии Балх мегӯяд, ки аз маҳали ҳодиса беш аз 30 захмӣ ва ду кушта интиқол ёфтааст.

Аммо хабаргузории расмии Олмон аз қавли мақомоти беҳдоштӣ дар вилояти Балх, шумораи захмиёни ин ҳодисаро беш аз 100 нафар гуфтааст. Гуфта мешавад, ки даҳҳо тан, ба шумули занон ва кӯдакон бинобар шикастани шишаҳои хонаҳояш бар асари таркиши имшаб, захмӣ шудаанд. Забеҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи гурӯҳи Толибон муаррифӣ мекунад, дар як паём ба расонаҳо масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ гуфтааст, ки ин ҳамла барои интиқомгирӣ аз ҳамлаи ҳавоии НАТО дар шимоли Кундуз сурат гирифтааст, ки рӯзи 3 ноябр сабаби кушта шудани ғайринизомиён шуда буд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *