Шафтолу душмани фарбеҳӣ аст
Олимони тиб муфидтарин меваеро муайян кардаанд, ки агар ҳар рӯз истеъмол кунанд, метавонад аз бисёр бемориҳо пешгирӣ кунад.
Ин мева шафтолуест, ки дар кишвари мо мерӯяд ва бисёриҳо ба он чандон эътибор намедиҳанд.
Бале, шафтолу барои бисёр бемориҳо, аз ҷумла ба гирифторони нуқсонҳои системаи дилу раг ва гурда тавсия мешавад. Инчунин, барои занони ҳомила муфид аст. Дар таркиби шафтолу бисёр моддаҳои фоиданок низ мавҷуданд, ки ба бадан қувват мебахшанд, холестеринро коҳиш медиҳанд, аз токсинҳо пок мекунанд. Он инчунин барои онҳое, ки вазни худро гум кардан мехоҳанд, тавсия дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ