Шахрдори Душанбе хисобот медихад

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар бораи вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии пойтахти Тоҷикистон дар 11 моҳи соли ҷорӣ гузориш медиҳад.

Гузориши шаҳрдори 29-солаи Душанбе дар толори Маҷлиси шаҳрӣ дар назди вакилон шунида мешавад. Матбуоти мустақил ба ин ҷаласа даъват нашудааст.

Масъулони шаҳрдории Душанбе зимни тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки Рустами Эмомалӣ дар бораи «натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Душанбе дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018» суханронӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин қарор аст дар ин ҷаласа, тарҳи буҷети пойтахт барои соли 2018 ва лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025» баррасӣ шавад.

Ин ҳам дар ҳоле, ки қаблан шаҳрдори Душанбе аз вакилони Маҷлиси пойтахт хост, ки то 9-уми декабр бо интихобкунандаҳо мулоқот карда, аз натиҷаи он гузориш ва пешниҳодҳои мушаххасро ироа кунанд.

Дар давоми раҳбариаш мири шаҳри Душанбе татбиқи барномаи ислоҳоти симои пойтахт — нақшаи генералии бозсозии Душанбе (генплан)-ро идома дод ва яке аз тасмимҳои вижааш — бунёди ҳатмии майдончаҳои варзишиву бозӣ дар назди баландошёнаҳо шуд. Дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ инчунин менависанд, ки дар давоми соли ҷорӣ ҷамъоварии маблағ аз волидайн барои таъмири мактабу кудакистонҳо манъ шуд ва истгоҳҳои муосири нақлиёти мусофирбар бунёд шуд. Тағйироти дигар — гузоштани арчаи солинавии 25-метра се ҳафта қабл аз фарорасии соли нав ҳам бо тасмими шаҳрдории Душанбе анҷом шуд.

Бархе коршиносон мегӯянд, бо ин ки талошҳо барои ба як шаҳри замонавӣ табдил додани Душанбе идома дорад, мушкилоти пойтахт ҳамоно зиёд мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *