Шахсияте, ки худро ба дарёи Душанбе партофт, маълум шуд

Ӯ донишҷӯ буда, худро аз болои пули  дарёи Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ, маъруф ба “ГЖК” партофтааст.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар дод,  5-уми феврали соли 2021, тахминан соати 15:10-дақиқа, шаҳрванд М.М.А., соли таваллудаш 2000, донишҷӯи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон, бинобар сабабҳои оилавӣ, худро аз болои пули дарёи Душанбе, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Шерозӣ ба об мепартояд.

“Ин ҳолатро муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе лейтенанти калони милитсия Амиршоев Саймаҳмуд Саймуҳаммадович дида, ҷони худро дар хатар гузошта дарҳол худро ба об партофта, ба наҷоти ӯ шитобида, ӯро аз ғарқшавӣ наҷот медиҳад”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

 Сомонаи  Pressa.tj дар такя ба Завқибек Саидаминӣ, корбари шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дода буд, ки духтаре худашро аз болои пули назди бинои «Шарқи Озод» (ГЖК)  ба дарёи «Душанбенка» партофтааст. Завқибек Саидаминӣ дар сафҳаи худ менигорад, ҳамагӣ дар чанд дақиқа, бо кӯмаки як гурӯҳ ҷавонон ин духтар бароварда шуда, ба дасти кормандони  «Ёрии таъҷилӣ» супорида шуд. Воқеан ҳам, ҷавонон хеле фаъол буданду ҳам мошини «Ёрии таъҷилӣ» хеле зуд расид.

Ҳарчанд об дар дарё ба дараҷае нест, ки одамро бубарад, вале шояд аз зарбаи афтодан аз баландӣ беҳол буд. Духтар тахминан 25-28 –сола  менамуд ва рангӯ рӯяш сафед буду каме дастонаш шахшуда ба назар мерасид”, —навиштааст Завқибек.

Ҳоло донишҷӯ  бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ дар беморхонаи Қарияи Боло бистарӣ гардида, ҳолатӣ саломатиаш миёна арзёбӣ мегардад.

Лейтенанти калони милитсия С.С. Амиршоев бинобар сардии об зарари миёнаи ҷисмонӣ бардошта, дар госпитали Вазорати корҳои дохилӣ дар муолиҷа қарор дорад.
Вобаста ба ҳолати мазкур санҷиш идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *