Шайхҳои араб дар Қазокистон паррандаи нодирро шикор мекунанд
Мақомоти Қазоқистон расман ба чаҳор шайх аз Имороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар иҷозат доданд, ки дар моҳҳои октябр-ноябри соли ҷорӣ дар мамнуъгоҳҳои Қазоқистон бо боз шикор кунанд.
Дар ин бора қарори сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин содир шудааст.
Дар қарор омадааст, ки шайх Халиф Бин Зиёд ал-Наҳаян иҷозат дорад, бо бозҳои шикорӣ дар вилояти Туркистон 43 мурғи ҳилол (дрофа) ва дар ҳудуди вилоятҳои Қазоқистони Ҷанубӣ, Ҷамбил, Қизилорда 90 мурғи дигар шикор кунад.
Ду шайхи дигар — Сурур ва Сайф Бин Муҳаммад ал-Наҳаян низ иҷозат гирифтаанд, ки 43-мурғӣ дар вилояти Мангистау шикор кунанд.
Шайхи қатарӣ Ҷасим Бин Ҳамод Бин Халиф ал-Танӣ иҷозат дорад, 27 мурғи ҳилол дар вилояти Ҷамбил ва 30 мурғи дигар дар вилояти Алмато шикор кунад.
Барои шикори ҳар кадом мурғ шайхҳои араб ба буҷаи Қазоқистон 1700 долларӣ пардохт хоҳанд кард.
Дрофа дар Китоби сурхи Қазоқистон ҳамчун навъи парандае шомил шудааст, ки дар марҳалаи нобудшавӣ қарор дорад. Сарфи назар аз ин, мақомоти Қазоқистон давоми чанд соли охир ба шайхҳои араб иҷозаи шикори ин мурғро медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ