Шакарханд аз Абдаруф Муродӣ

Таҷриба нишон дод, ки ошиқ шуда, ба маҳбуба не, ба хушдоман хушомад задан бештар бар манфиати кор аст.

***

Гули ҳамешабаҳор далели қотеъи он аст, ки бо як гул ҳаргиз баҳор намешавад.

***

Мунаққиде дар ҳошияи “Асп” ном ҳикояи басо сусти нависандае чунин навишт: «Ин “Асп”-и лаънатӣ бӯстони сабзу хуррами адабиётро хеле поймол кардааст».

***

Ошиқони пешин ба гардани маҳбубаашон нахуст шаддаи марворид мепечониданд, ошиқони имрӯза аввал даст мепечонанд.

***

Калҳо талаб карданд, ки мақоли “Корам аз мӯйи сарам зиёд” минбаъд чун дашноми қабеҳ дар гуфтор мамнуъ дониста, дар навишт бо се нуқта ишора шавад.

***

Оташи ҷаҳли шавҳар “хати никоҳ”-ро сӯхт.

***

Муаллими зистшиносӣ дар дарсе оид ба мавзӯи “Рӯбоҳ” шахси маккореро чун асбоби аёнӣ истифода бурд.

***

Хӯрокро аз ширу об таҳия карда бошанд ҳам, номашро широб не, ширчой ниҳоданд, маҳз ба хотири он ки сарвари коргоҳи гӯшту шир инро ба худ киноя пиндошта, наранҷад.

***

Шавҳаратонро эҳтиёт кунед: рӯзи 8-уми март даркор мешавад.

***

Мудири фермаи чорво ҳам одам аст, танҳо аз меъёр зиёд гӯшт мехурад.

***

Милисаю ронанда мисли мушу гурбаанд. Ҳеҷ ба ҳамдигар муросо надоранд.

***

Китобатон агар ба фурӯш наравад, арзон кунед, носфурӯш яклухт мехарад.

***

Қоматаш дар дифоъ аз ростӣ каҷ шуд.

***

Саратон дард кунад, назди духтури дандон наравед: канда мепартояд.

***

Мурдаи хасис ҳар куҷо ки хок шавад, он хок ҳосил намедиҳад.

***

Ба хари гандафеъламон полони олиҷаноб зада, ба фурӯш бурдем. Полонашро хариданду худашро не.

***

Лаклакро саркулол таъйин карданд, табақи паҳн аз байн рафт.

***

Барои пучуқ ҳамаи овозҳои нутқ димоғианд.

***

Арақи харидаи хасисе об баромад. Хурсанд шуд, ки акнун газакаш муфт мемонад.

Абдурауф МУРОДӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *