Шакарханд аз Абдурауф Муродӣ
Суръат ва ҷуръат
Бонуе зангам заду паём расонд, ки дар фалон мавзеъ қарор дорам, зуд расида биё. Дар як турфатулъайн ҳозир дар канораш шудам. Гуфт:
— Ман ба суръататон қоил, парандаед, гӯиё!
Пасон хоҳиш кард:
— Ин ҷо интизоратон мешавам, шумо зуд аз мағоза бароям рӯймолчае оред. Узр, рӯймолчаамро фаромӯш кардаам.
Ончунон суръат гирифтам, ки ҳамагӣ чанд дақиқа пас рӯймолча дар даст боз ҳам дар паҳлуи бону ҳозиру нозир будам.
Ӯ дар чоҳи ҳайрат уфтода:
— Ана суръату мана суръат! Ба шумо мошин лозим не!
Мо муддате паҳлуи ҳам дар боғ қадам задем. Аз зери дарахте мегузаштем, ки яке себе аз шох ба зер уфтод. Ман бо суръати фавқулода онро аз ҳаво дошта гирифтам ва ба бонуи зебо ҳадя кардам. Боз ҳам мафтуни суръати баланди ҳаракатам шуд, батакрор офарин хонд. Дар идомаи қадамзаниямон бону ҳар гоҳ нигоҳи меҳрбор ба сӯям меафканд. Мехостам ба оғӯшаш бигирам, бибӯсам (эҳсос мекардам, ки ӯ низ инро мехоҳад), вале худдорӣ мекардем. Ҳамин тавр, хеле қадам задем. Чун аз боғ ба канори шоҳроҳе баромадем, бону яке даст бардошту мошини даргузареро боздошт.
— Ба маҳаллаи мо мошинҳо кам мераванд, аз ҳаминаш намонам.
Ин сухан гуфту худро дохили мошин гирифт бонуи зебо ва аз тирезаи он ба ман даст афшонда, нидо дардод:
— Шумо, ҷавони нағз, суръат доштаеду ҷуръат не. Хуш бошед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ