Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода
2 чашм дорам
Мундонӣ вориди идорае шуд, ки масъул кори баъзеҳоро буд ва баъзеи дигарро бо тундӣ рад мекард. Чун навбат ба Мундонӣ расиду дархости ӯ низ рад шуд, аз масъул пурсид:
— Чаро шумо ҳамаро бо 1 чашм намебинед?
— Чунки ман 2 чашм дорам,- гуфт бо киноя.
Зиндагии беҷон
Мегӯянд, ки вақте ҷон меравад, зиндагӣ ба охир мерасад. Оё ин рост аст?,- пурсидам аз Мундонӣ.
Гуфт:
— Комилан дурӯғ аст.
— Чӣ хел дурӯғ?,- бо тааҷҷуб пурсидам.
— Фалонӣ,- гуфт,- арӯсашро “ҷони ман” мегуфт. Ҷонаш рафт, вале беҷон зиндагӣ дорад ку!
Тавбашикан
Мундонӣ рӯзҳои истироҳат меҳмони чанд нафар аз ҳамдеҳаҳо шуд ва бо нафаре вохӯрд, ки замоне аз боданӯшиву мастӣ тавба карда буд. Баъд аз салому алейк ӯро дар ҳолати ширакайфӣ дида, пурсид:
— Тавба чӣ шуд, бобо, тавба? Боз тавбаро шикастаед ку!
Бо табассум гуфт:
— Тавбашикан бош, аммо дилшикан не.
Дари ҳамсоя
Бегоҳирӯзӣ нимхаставу афсурда ба хона баргаштам. Ғарқи хаёл калидро аз ҷайб гирифта, ҳарчанд кӯшиш кардам, дарро кушода натавонистам. Баъди кӯшишҳои нобарори ман, дар аз дохил кушода шуду дар рӯ ба рӯям зани ҳамсояро дида, дарёфтам, ки ман кӯшиши кушодани дари хонаи ҳамсояи як оёшна поёнро кардаам. Рухсораҳои суп-сурхам боз сурхтар шуданду аз ӯ барои иштибоҳам узр пурсида, ба хонаи худам омадам. Баъди чанде очаи бачаҳо занг зада, пурсид:
— Мардак, тинҷӣ аст, хонаи ҳамсоя рафтаед?
Бо ҳайрат пурсидам:
— Кӣ алакай ин хабарро расонд?
Гуфт:
— Зани ҳамсоя занг зада, гуфт, ки “дугона, зуд биё, шавҳарат дари маро мекӯбад”!
Инсонҳои чиркдӯст
Пулро чирки даст мегӯянд, вале чаро касе дасти худро аз ин чирк тоза кардан намехоҳад?,- пурсидам аз Мундонӣ.
Гуфт:
— Чунки мо инсонҳои чиркдӯст ҳастем.
Ба ман нарасид
— Дар деҳае бо ҷавони шӯхе рӯ ба рӯ шудам, ки агарчи 30 сол дошт, ҳанӯз оиладор нашуда буд. Чун сухан аз оила баромад, бо кунҷковӣ пурсидам:
— Чаро то ҳанӯз зан намегирӣ?
Чанд нафарро номбар карда, бо ханда гуфт:
— Беинсофҳо ҳама 2-3-тоӣ зан гирифтанд, ба ман якта ҳам нарасид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ