Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода

Ман 7 забонро медонам!

Дар деҳа меҳмони модар будем ва чанд нафари дигар аз хешу табор низ ба зиёрати мо омада буданд. Вақте сухан аз омӯзиши забони хориҷӣ ба фарзандон рафт, нафаре аз ман пурсид:

— Шумо бо чанд забон озодона гап зада метавонед?

Гуфтам:

— Бо 3 забон.

Модарам ба баҳс ҳамроҳ шуда, гуфтанд:

— Ман аз бачаам зӯртар будаам. Зеро ман бо 7 забон гап мезанам. 7 забоне, ки боз дар зерашон забончаҳо ҳам доранд.

Ҳама ҳайрон шуда пурсидем:

— Шумо шӯхӣ мекунед ё аниқ 7 забонро медонед?

— Бале,- гуфтанд модар бо ханда,- ман 7 келин дорам, бо 7 келин бо 7 забон гап мезанам. Яъне, забони ҳамаашро медонам.

— Ана бузургӣ,- гуфтем,- дар ин замона, ки хушдоманҳо забони як келинро намедонанд, бо забони чанд келин ҳарф задан на ба ҳар хушдоман муяссар мешавад.

Одамгарии буз

Бузи мо ин навбат хеле шир дод. Шир ончунон зиёд буд, ки ҳамаро ба ваҷд овард. Ман ӯро ситоиш карда, риши зебояшро силакунон гуфтам:

— Офарин бузҷон. Ту имрӯз хеле одамгарӣ кардӣ. Ин ҳама ҳиммат аз куҷо шуд?

Бо оҳанги хушнудӣ баъос зада, гуфт:

— Шумо одамҳо як умр бузигарӣ мекунед ку, ман ҳам аз шумо илҳом гирифта, як маротиба одамгарӣ кунам гуфтам-дия.

Харигарӣ

Харе аз Мундонӣ пурсид:

— Мо бузургем ё шумо инсонҳо?

— Ин чӣ суолест, албатта мо инсонҳо бузургем,- посух дод Мундонӣ.

Хар дарҳол гуфт:

— Пас чаро мо харҳо ҳеҷ гоҳ орзуи одамшавию одамгарӣ намекунем, вале шумо ин қадар харигарӣ мекунед?

Аз падарам пурсед

Аз ҷиянам Муҳаммадҷон, ки орзуи зангирӣ дорад, пурсидам:

— Тӯй кай?

Гуфт:

— Шанбеву якшанбе.

— Кадом шанбеву якшанбе?,- боз суол кардам.

— Ман фақат шанбеву якшанбеяшро медонам,- гуфт бо ханда,- солу моҳашро аз падарам пурсед.

Фикри фаромаданро ҳам кун…

Мундонӣ ба рафиқи давраи ҷавониаш, ки солҳои охир болонишин шуда буд, барои ҳалли мушкиле муроҷиат кард. Рафиқи болонишин бо баҳонаи ночизе дархости ӯро рад карданӣ шуд, ки Мундонӣ насиҳаткунон гуфт:

— Кори маро буд кун, вагарна вақте ба назди ман мефароӣ ва бо ман рӯ ба рӯ мешавӣ, сурху сафед шуда, худро ноҳинҷор ҳис мекунӣ.

Манзурашро нафаҳмида, пурсид:

— Ман чаро бояд назди ту фароям?

— Ҷойи мо доимӣ аст,- гуфт Мундонӣ,- вале ҷойи шумо болонишинҳо муваққатист.

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *