Шакарханд аз Холиқназар Ҷумъазода
Якташа сахт гирифтам
— Чаро занатро сахт намегирӣ?,- пурсид Мундонӣ аз рафиқе ва таъкид кард:
— Ин қадар эрка накун, ки болои сарат мебарояд.
— Болои сар барояд, хуб, зери хок наравад, шуд,- гуфт дар посух он рафиқ.
— Ин чӣ ҳарфе?,- пурсид Мундонӣ?
Рафиқ бо табассум гуфт:
— Якташа сахт гирифтам, мурд. Инашро эрка кардам.
Фоҷиаи сарзамин
Дар шуъбаи нейрохирургии шаҳри Панҷакент дар ҳуҷраи кории доктор Нусратулло Юсуфбеков менишастем, ки нафаре ба эшон занг зада, хурсандона гуфт:
— Доктор, духтарчаи ман гринкорт бурид. Акнун ба Амрико меравад.
— Муборак шавад, шумо хурсанд бошед, мо ҳам хурсанд, аммо ин рафтанҳо фоҷиаи сарзамин аст,- гуфтанд доктор.
Бахшиш
(Аз нақли як ронанда)
Мошинро бо суръати баланд ронда, ба роҳи калон мебаромадам, ки мошини пеш ҳаракаткунанда якбора суст шуда, ба пиёдагарде роҳ доду мошини ман аз пушт ба он бархӯрд. Зуд пиёда шуда дидам, ки чароғакҳои он мошин шикаставу худи мошин каме пачақ шудааст. Чун соҳиби он мошин фаромад, илтимоскунон гуфтам:
— Ба БДА занг назан. Миёни худамон ҳал мекунем. Пули зиёни расонидаамро ҷуброн мекунам.
Ронанда як ба мошини худаш ва як ба мошини ман нигариста, ғайричамдошти ман, гуфт:
— Чизе даркор нест. Худо нигаҳбонат бошад.
Ба ӯ миннатдорӣ кардаму ба роҳи худ идома додам. Дар гардиши дигар мошине аз пас ба мошини ман бархӯрд. Фаромадан баробар ронанда худро сарзанишкунон гуфт:
— Бубахш, ки якбора манъ карда натавонистам. Вақтам хеле танг асту имкони баҳсу кашокашро надорам. Гап зан, чанд сум мешавад, пули зарарро пардохт мекунам.
Гуфтам:
— Чизе даркор нест, бирав, бахшидамат.
Ҳайрон шуда, пурсид:
— Чӣ хел? Ҷуброни зарар намехоҳӣ?
— Худи ҳозир ман як мошинро аз пушташ задам. Он ронанда маро бахшид, акнун ман туро мебахшам,- гуфтам дар посух.
— Ҳамин хел ҳам мешудааст-а?,- ҳайрон шуда гуфт ронанда,- акнун бояд ман эҳтиёт кунам, ки боз ягон ронандаи дигар мошини маро назанад.
— Агар занад, бахшидан навбати ту!,- гуфтам бо ханда.
Фақат ҷой надорам
Муллое зиндагии дарвешона дошт. На хона дошту на зан. Ҷойи хобаш масҷид буд. Рўзе ба маконе дуохонӣ меравад ва ба зане ошиқ шуда, ӯро ба никоҳаш медарорад. Чун ҷойе барои зиндагии якҷоя надошт, занро ҳам ба масҷид меорад.
Имоми масҷид ӯро сарзанишкунон мегӯяд:
— Ту магар ақл надорӣ, фаросат надорӣ, инсоф надорӣ, имон надорӣ, ки занро ба масҷид меорӣ?
— Ҳамаи ин чизҳои гуфтаатро дорам, аммо ҷой надорам, ҷой,- мегӯяд мулло бо сари хам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ