Шакарханд. Яхдони Ташрифро намехарам

— Мехоҳам як яхдони хуб бихарам. Кадом навъи яхдонро тавсия медиҳӣ?,- пурсид аз ман Мундонӣ.

Гуфтам:

— Ана, фалон навъи яхдонро бихар, хеле сифати хуб дорад мегӯянд.

— Не, ман онро намехарам,- гуфт ҷиддӣ ва илова кард:

— Чунки онро Ташриф дар ТВ тарғиб мекунад.

— О, зӯр будааст, ки Ташриф тарғиб мекунад,- гуфтам дар посух.- Ҳатман бихар!

— Не, не, намехарам,- гуфт суханамро рад карда.- Мо Ташрифро чун ҳаҷвнигор мешиносем. Ба фикрам ӯ оид ба сифати ҳамин яхдонҳо ҳам шӯхӣ дорад.

Ба Марк Сукерберг муроҷиат кунед

Нисфишабӣ устод Қироншоҳ Шарифзода занг зада, баъди салому алейк гуфтанд:

— Интернет мушкилӣ дорад, бобо. Барои ҳамин шуморо ёд кардем.

— Хайрият ҳамин интернет гоҳ-гоҳ мушкилӣ пайдо мекунаду шумо маро ёд мекунед, устод. Вагарна ҳеҷ ба хотиратон намерасам,- гуфтам хандида.

Гуфтанд:

— Интернет ҳасту фейсбук кушода нашуда истодааст, бобо.

— Муштарии муҳтарам,- гуфтам боз ҳам бо ханда.- Лутфан, ба Сукерберг муроҷиат кунед. Масъули фейсбук Марк Сукерберг аст.

Каме ба шумо такя кунам?

Нисфирӯзии 30-юми декабр аз назди бинои «Ашан» ба маршруткаи №2 нишаста, ба самти хона равон шудам. Дар паҳлуям духтари ҷавоне нишаста, сарашро ба китфам гузошт. Вақте «тинҷӣ аст?» гуфта пурсидам, гуфт:

— Бубахшед, фишорам паст шудааст. Агар мумкин бошад, каме ба шумо такя кунам?

— Шояд ба духтур бараматон?,- гуфта, хавотиромез пурсидам.

— Не, чизе нест,- гуфта, бону сари худро пурра ба китфи ман партофт. Чун аз фишорпастӣ хуб огоҳам, дилам воқеан барояш сӯхт. Ин аст, ки ман ҳам чизе нагуфта, дастамро ба китфаш гузоштам ва ба роҳи худ идома додем. Духтар дар истгоҳи Гулистон маршруткаро нигоҳ дошт ва ҳарчанд ман хоҳиш кардам, ки ӯро то хонааш гусел кунам, қабул накарду аз маршрутка берун шуд.

Вақте ба хона наздик шуда, ба куҷое занг заданӣ шудам, ҷайбамро дарида дидам. Телефони мобилӣ дар ҷайб набуд. Духтар хеле моҳирона, курткаамро бо теғ бурида, телефонро аз ҷайбам рабудааст. Танҳо ҳамон вақт фаҳмидам, ки сирри пастшавии фишори хун ва ба ман такя кардани ин хонум чӣ будааст, вале аллакай дер шуда буд ва акнун фишори ман боло рафт.

Холиқназар Ҷумъазода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *