Шалғам — давои шамолхӯрӣ
Шалғам бемориҳои зиёдро шифо мебахшад. Дар таркибаш қанд, намакҳои минералӣ, В1, В2, В6, каротин, кислотаи пантенон, сафеда, обҳои карбон, инчунин, калий, калсий, оҳан, фосфор, натрий барин моддаҳо ҳастанд.
Шалғами дар об ҷӯшонидашуда барои табобати шамолхӯрӣ воситаи хубест. Онро бо гӯшт пухта, истеъмол намоянд, дарди гулӯро рафъ месозад.
Барги шалғам хусусияти пешобронӣ дорад. Барои ин даҳ грамм баргро дар сад грамм об дам кардан лозим. Барои аз шалғам тайёр кардани доруи универсалӣ ба болои ду қошуқ шалғами майдакарда як истакон оби ҷӯш андохта, дар давоми понздаҳ дақиқа ҷӯшонидан лозим. Аз он рӯзе ба миқдори чоряки истакон истеъмол кардан лозим. Як истакони чунин маҳлул пеш аз хоб истеъмол шавад, вазифаи доруи оромкуниро ба ҷо меорад. Бо он даҳонро ғарғара намоянд, дарди гулӯ ва дандонро сабук месозад.
Истеъмоли шалғами пухта ва хом ба чашм фоидаовар аст, роҳи нафасро беҳ мекунад, ба безобитакунии дил малҳами хуб мебошад. Шарбати бо асал омехташудаи он сулфаро даво мекунад. Ҳангоми баландравии ҳарорати бадан, дарди гулӯ фоида мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ