Шаллоқ дар Русия қонунӣ мешавад

Думаи давлатии Русия тарҳи қонунеро барои қабул пешниҳод кард, ки чун қонуни «шаллоқ» дар ҷомеаи шаҳрвандии Русия боиси сар задании сарусадоҳо гардид.

Аслан фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ  мухолифи ин қонун баромад карда, онро боиси сар задани чандин мушкилот, аз ҷумла афзудани хушунатҳои оилавӣ медонанд. Мӯҳтавои қонун ин аст, ки  шахсе, ки бори аввал ба сари аҳли оила даст мебардорад ва ё барои занозании тарафайну гурӯҳӣ боздошт мешавад на аз рӯйи Кодекси ҷиноӣ, балки аз рӯи қонуни маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Аммо бархе аз ҳомиёни ҳуқуқи башар ба қабули ин қонун зиддият нишон дода, онро боиси афзоиши хушунатҳои оилавӣ ва ҷазои сазовор нагирифтани  гунаҳкорон медонанд. Вакилони дума бошад, баррасӣ ва тарафдорӣ аз ин қонунро нигоҳ доштани арзишҳои оилавӣ арзёбӣ мекунанд.

Тарҳи қонуни навро рӯзи 11 январ дар ҷаласаи аввалини Дума баррасӣ карда, вакилон ба хулосае омаданд, ки аз ин пас латукӯби афроди наздикро ба категорияи  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гузаронанд. Дар асоси ин қонун гунаҳкорон аз ин пас ба ҷои ду соли зиндон барои латукӯби афроди наздикашон аз 5 то 30 ҳазор рубл ҷарима ва ё ба кори ҳатмии то 120 соат ҷалб ва ё ба мӯҳлати аз 10 то 15 рӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта мешаванд.

Юлия Горбунова, таҳлилгари  ҳуқуқи башар доир ба ин қонун гуфтааст: «Изҳорот, дар бораи он ки латукӯби наздикон нишонаи «арзишҳои оилавӣ» мебошад, нангин аст ва Созмони ҳуқуқи башар онро маҳкум мекунад»

Тибқи оморе, ки Горбунова пешниҳод кардааст, аз теъдоди умумии ҷиноятҳои вобаста ба латукӯб 40 %-и он вобаста ба хушунатҳои оилавӣ ва 80 %-и он фишори шавҳарон болои ҳамсарашон мебошад.

Дар сомонаи  “Change.org” бар муқобили ин қонун матлабе пахш шудааст, ки  беш аз 225 ҳазор нафар ба он ҳамовозӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *