Шамол модару писарро ба дарё афканд
Баъд аз зӯҳри 12-уми июл як зану як ноболиғ бар асари вазидани боди шадид ба дарёи Сурхоб афтода ва ғарқ шудаанд. Бино ба маълумоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, зани 33-солаи сокини шаҳраки Ғарм ва писари 16-солаи деҳаи Руноби ноҳияи Рашт ба ҳангоми убур аз пули иртиботӣ ба дарёи Сурхоб афтодаанд. Ба иттилои манбаъ, ҷасади зани ғарқшуда пайдо шуда, корҳои ҷустуҷӯӣ барои ёфтани ҷасади ноболиғ идома доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ