Шамол сари ҳайкали Ленинро «хӯрд» (бо забони шеър)

  Таърихи  бистушашум

  Бархост як шамоли шум

  Боми аксар биноҳо

  Мисли баъзе киноҳо,

 Паронд бар болои қум,

 Шамоли пурталотум.

 Биноҳову ҳам  хобгоҳ

Матбуоту донишгоҳ

Зарар диданд аз шамол

Ҳатто роҳу  гузаргоҳ.

Масҷиди “Нури  Ислом”

Дошт як манораандом,

Шамол канду нобуд кард

Он гумбази тиллофом.

Он шабу рӯз дар ин ҷо

Ороста буд арчаҳо

Лек шамоли офатбор

Ҳамаро кард валангор.

Ҳатто ҳайкали Ленин

Чаппа шуд рӯи замин.

Магар мешавад зиёд

Ягон хел офат аз ин?

Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намоед.

                                                                                                Фарзона Муродӣ 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *