Шамоли имрӯза дар Хуҷанд бомпӯши 4 мактабро канд (Акс ва видео)
Субҳи имрӯз бомпӯши чанде аз муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои истиқоматӣ дар Хуҷанд вазидани шамоли сахт барканд. Бино ба иттилои шӯъбаи маорифи шаҳр дар пайи вазиши шамол қисме аз бомпӯши мактабҳои рақами 22, 23, 25 ва 30 сарозер шуда, тирезаҳои чанде аз муассисаи таълимӣ шикастааст. Болопӯши боми бинои №15-и микроноҳияи 20-ум-и шаҳр низ аз шиддати шамол осеб дида, ба замин афтид.
Инчунин чандин дарахтони азими қадди роҳҳои Хуҷанд шикаста ва решакан шуданд. Вазиши шамол ба ҳадди сахт буд, ки дар он соатҳо ҳаракати нақлиёт дар ин роҳҳо манъ гардид. Ҳоло комиссияи махсус дар ин шаҳр созмон ёфта хисороти офати табииро ҳисоб карда истодаанд.
Идомаи мавзӯъро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ