Шамшербози мексикоӣ шаҳрванди Ӯзбекистон шуд

Паола Плиего, шамшербози Мексика, шаҳрванди Ӯзбекистон шуда ва дар мусобиқоти байналмилалӣ дар дастаи мунтахаби ин кишвар ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Паола Плиего, шамшербози Мексика, шаҳрванди Ӯзбекистон шуда ва дар мусобиқоти байналмилалӣ дар дастаи мунтахаби ин кишвар ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Ин варзишгари 24-сола дар саҳифаи худ дар Twitter дар ин бора хабар дода ва навиштааст, ба далели рӯбарӯ шуданаш бо мавориди фасод дар Кумитаи Олимпии Мексика ба ин қарор омадааст.

Интизор меравад, дар мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон оид ба шамшербозӣ дар соли 2019 Паоло Плиего аз номи Ӯзбекистон ширкат кунад.

Бар асоси маълумоти Wikipedia, Паоло Плиего дар мусобиқоти байналмилалии шамшербозӣ дар мавсими 2013-2014 бо 150 имтиёз дар миёни занҳо дар ҷаҳон дар зинаи аввал қарор дошт.

Аммо се рӯзе қабл аз сафар ба Бозиҳои Олимпиада дар Рио-де-Женейро ӯро ба истифода аз моддаи модафинил муттаҳам карданд ва аз ин лиҳоз натавонист дар ин  бозиҳо ширкат кунад.

Пас аз ташхиси дубора ин иттиҳом аз ӯ лағв гардид. Вале аллакай Бозиҳои Олимпӣ поён ёфта буд.

Бо вуҷуди собит шудани бегуноҳиаш дар истифодаи допинг  Кумитаи Олимпии Мексика ба Паоло Плиего иҷозат надод, ки дар соли 2018 дар бозиҳои Амрикои Марказӣ ва Кариб ширкат кунад.

Ба дунболи он ба нишонаи эътироз Паоло Плиего аз шаҳрвандии Мексика даст кашида, шаҳрванди Ӯзбекистон шуд. Қарор аст, 15 июли соли ҷорӣ бори нахуст ӯ дар ҳайати дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар бозиҳои қаҳрамонии ҷаҳон оид ба шамшербозӣ дар шаҳри Будапешт ҳунарнамоӣ кунад.

Раёсати Федератсияи Байналмилалии Шамшербозиро (FIE) миллиардери ӯзбекистонӣ Алишер Усмонов ба ӯҳда дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *