Шамсияро барои сеҳру ҷодугарӣ ҷарима карданд (аудио)

Раёсати Вазорати корҳои дохилии кишвар дар шаҳри Душанбе аз боздошти шаҳрванд Гадоева Шамсия Файзуллоевна (соли таваллудаш 1966, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳ. Шерозӣ), ки ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул будааст, хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, Гадоева Шамсия худро ҳамчун табиби халқӣ муаррифӣ намуда, вале дар асл бо истифода аз ҳар гуна ашё ва ҷисмҳои карахт ба мардумфиребӣ машғул мебошад. Дар ҷараёни амалиёт зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии номбурда як қатор ашёҳои барои сеҳру ҷоду истифодашаванда ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шудаанд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шаҳрванд Гадоева Шамсия Файзуллоевна барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба андозаи 40 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2560 сомонӣ ҷаримабандӣ карда шудааст.

Ҳамзамон, барои минбаъд ба ин амали марбумфиребона машғул нашудан, ӯ ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *