Шамсулло Фозилов: Чаро «Тоҷикматлубот» маҳсулоту меваҷотро гарон мефурӯшад?
Нархи меваҷот ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дар мошинҳои бо навиштаҷоти “Тоҷикматлубот” ба осмон дакка хӯрдааст, вале масъулини ин ниҳодро парвое нест. Ба ҷои он ки “Тоҷикматлубот” нархро паст кунад ва барои дигарон намуна бошад, баръакс мусоидатнамо ва тарғибгари болоравии нархи маҳсулот гардидааст.
Шамсулло Фозилов, журналисти тоҷик дар ин росто мегӯяд, ки ҳоло арзиши меваҷот, аз ҷумла 1 кг себу нок дар мошинҳои бо навиштаҷоти “Тоҷикматлубот” аз 15-20 сомонӣ ҳам болост. Номбурда мушоҳидаҳояшро бо нигаронӣ дар “Фейсбук” чунин нигоштааст:
— Чаро арзиши меваҳо дар нақлиёт бо навиштаҷоти «Тоҷикматлубот» осмонӣ ва дандоншикан аст? Кӣ ба ин ташкилот, ниҳод ва ё корхона иҷозат додааст, ки дар маконҳои серодам, бахусус назди беморхонаҳову чорроҳаҳои шаҳри Душанбе мошин гузораду бо кадом нархе хоҳад, меваю маҳсулот фурӯшад? Ин дар ҳолест, ки ин ниҳод бояд барои баланд нарафтани арзиши маҳсулот мусоидат намояд. «Тоҷикматлубот» бояд мошинҳояшро дар назди бозорҳо гузошта, конкуренти ашаддии савдогарон бошад, то нархҳо баланд нашаванд. Аммо баръакс, ин ташкилот ба худ иҷозат додааст нархҳоро баланд карда, норозигии сокинонро ба вуҷуд орад. Масалан, нархи 1 кг себ дар ин нақлиёт бо навиштаҷоти «Тоҷикматлубот» дар назди беморхонаи «Қарияи боло», ки аз рӯи мақоли «Худам шоҳу таъбам вазир» фаъолият дорад, 15 сомонӣ, 1 кг нок 15 cомонӣ, анор 18-23 сомонӣ, банан 5 сомонӣ ва умуман ҳама анвои мева чанд баробар қимматтар аз нархи бозорҳост. То ҷое, ки огоҳем, соҳибон ва ё савдогарони чунин нуқтаҳои савдо бо «Тоҷикматлубот» шартнома ва ё қарордоди шифоҳӣ доранд. Эшон маблағи моҳона пардохт карда, ба нақлиёташон навиштаҷоти «Тоҷикматлубот» насб мекунанд ва аз «Деҳқонбозор» меваю маҳсулотро оварда, чӣ хеле хоҳанд, нарх мегузоранд. Арзиши меваю маҳсулоти ин мошинҳо, бовар кунед, аз нархҳои бозори шаҳри Хоруғ ва ҳатто Русия баландтар аст. Наход арзиши себе, ки воридотӣ нест ва дар бозорҳо ҳамагӣ 5-6 ва ё 7 сомонист, барои беморон ва хабаргирони онҳо то ин ҳад гарон фурӯхта шавад? Магар ин беинсофӣ нест?
Сомонаи Pressa.tj ин матлабро нашр карда, интизори посухи масъулини “Тоҷикматлубот”, аз ҷумла роҳбарии он Ҳусейн Идиев аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ