Шарҳи иловаҳои нав ба қонунгузории Русия барои муҳоҷирон
Аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2025 муҳлати будубоши муввақатӣ дар Русия давоми як сол 90 рӯзро ташкил хоҳад дод.
Аз нав барқарор кардани муҳлати будубош бо роҳи баромадан аз сарҳад имконнопазир мешавад. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи нақшаи қонунгузории Русия, чунин маҳдудият сатҳи муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатиро камтар мекунад.
Чун ҳар вақта ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба Русия раводид лозим нест. Вале тибқи қонуни нав, ки баъд аз Соли нав пурра фаъол мегардад, агар шумо патент нагирифтаву қайди муҳоҷирати худро дароз накарда бошед, таҳсил намекунед ё иҷозатномаи зисти муваққатӣ (РВП) надошта бошед, дар Русия метавонед на бештар аз 90 рӯз давоми 1 сол истед. Танҳо аз соли оянда ба Русия иҷозати ворид шуданро пайдо мекунед.
Инчунин, аз 5 феврали соли 2025 дар асоси тағйирот дар қонунгузории муҳоҷирати Русия дар масъалаи убури сарҳади давлатӣ сарҳадбонон барои рад кардани вуруд асосҳои бештар пайдо мекунанд.
Масалан, агар чунин фарзия вуҷуд дошта бошад, ки хориҷӣ метавонад ба амнияти Русия таҳдид кунад, фавран боздошт мешавад. Ва ин қарорро кормандон метавонанд бе муроҷиат ба дигар мақомот қабул кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ