Шарҳи санади имзошуда байни АМИТ ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон
Байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Пажуҳишгоҳи муҳандисии генетикӣ ва биотехнологияи Эрон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади мазкур 16 январи соли равон аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон бо иштирок ва дар назди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба тасвиб расид.
Тавре ки аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади Ёддошти тафоҳум ҳалли мушкилоти миллӣ ва байналмилалӣ, ки ба амнияти озуқаворӣ ва саломатии ҳарду ҷумҳурӣ таъсир мерасонанд, аз қабили бемориҳои эҳтимолии эпидемиявӣ, таҳияи усулҳои ташхис, таҳияи доруҳои самараноки шифобахши растанӣ, ошкор ва идоракунии ифлосшавии муҳити зист, манбаъҳои энергияи «сабз» ва барқароршаванда тавассути таҳқиқоти пешрафта дар биотехнология ва муҳандисии генетикӣ мебошад.
Инчунин, санад ҳамкории ҷонибҳоро дар лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ дар соҳаҳои афзалиятноки биотехнология, мубодилаи олимон ва аспирантҳо, машваратҳои якҷоя, машғулияти кӯтоҳмуддати таълимӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои интиқоли технология ва тиҷорат ва ғайра ба танзим медарорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ