Шарҳи Бонки Миллӣ ба муштариён

 

Бонки Миллии Тоҷикистон вазъи Тоҷиксодиротбонк, Агроинвестбонк, Тоҷпромбонк, ҳаҷми пули мардум дар бонкҳо ва сабаби дер дастрас шудани маошҳоро шарҳ додааст.

Тибқи иттилоияи Бонки Миллӣ, ки дар сомонааш нашр шудааст, пули мардуму корхонаҳо ба ҳолати 30-юми сентябри соли равон дар бонкҳо ба 9 миллиарду 668,6 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 454,4 миллион сомонӣ ё 17,7 фоиз зиёд мебошад.

Ин иттилои Бонки Миллӣ дар ҳолест, ки мардум ва масъулини корхонаҳо мегӯянд, наметавонанд пасандозашонро аз бонкҳо дастрас кунанд.

Дар мавриди вазъи “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” ва “Тоҷпромбонк” Бонки Миллӣ мегӯяд маҳз фаъолияти зараровари дохилии худи бонкҳо сабаби асосии ҳолати феълияшон мебошад: “Тибқи Протоколи ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои низоми бонкии кишвар аз 8 сентябри соли 2016, №2к/44-22 ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи бонкҳои муаммодор Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок таъсис дода шудааст. Аз ҷониби Гурӯҳи кории байниидоравии салоҳиятнок то имрӯз, якчанд ҷаласаҳои корӣ гузаронида шуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти бонкҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда истодаанд, ки дар ояндаи наздик натиҷаи мусбат хоҳанд дод”.

Дар бораи рублҳои интиқолдодаи муҳоҷирон, ки дар бонкҳои Тоҷикистон бо ҳисоби пули миллӣ пардохт мешавад, Бонки Миллӣ изҳор доштааст, ки маҳз аз ҳисоби ин иқдом бозори кишвар бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар таъмин мешаваду қурби сомонӣ устувор мебошад: “Тамоми ташкилотҳои қарзӣ вазифадор карда шудаанд, ки рубли русии интиқолшударо ба сомонӣ мубодила карда ба муштариён пешниҳод намоянд ва 50% маблағҳои интиқолии аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо рубли русӣ ҷамъшуда ҳамарӯза ба бозори байнибонкӣ ба фуруш бароварда шавад. Ин амал имкон дод, ки то ҳадди зарурӣ бозори дохилии асъор бо доллари амрикоӣ таъмин гашта, дар навбати худ қурби пули миллӣ нисбати доллари амрикоӣ бетағйир нигоҳ дошта шавад. Ҳамзамон, то дараҷае сатҳи боварии мардум ба пули миллӣ — сомониро боло низ бурд”.

Ба суол, ки чаро мардум рӯзҳои дароз пушти банкоматҳо интизори маошашон мемонанд, масъулини бонки асосии кишвар мегӯянд, “ҳолатҳои рухдода хусусияти доимӣ надошта, вобаста ба нуқсонҳои техникӣ, таъмини банкоматҳо бо барқ, таваққуфи нақлиёт дар ҳамлу нақли маблағи нақд ва дигар сабабҳои узрнок ба амал меоянд, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар кутоҳтарин муҳлат бартараф карда мешаванд”.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки дар ҳолати пеш омадани мушкил бо арзу шикоятҳои худ ба шуъбаи мазкур тариқи почтаи электронии “[email protected]” ва ё ба рақами (44) 600-15-20 муроҷиат намоянд.

Ҳаҷми қарзе, ки бонкҳо ба мардуму корхонаҳо пешниҳод кардаанд, то 30 сентябри соли 2016 ба 10 миллиарду 558,8 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Дар охир Бонки Миллӣ таъкид кардааст, ки бо мақсади солимгардонии вазъи низоми бонкӣ аз ҷумлаи вазорату идораҳои дахлдор ва БМТ Гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки нақшаи чорабиниҳои дар ин самт таҳиянамудаи гурӯҳ, барои баромадан аз ин вазъ мусоидат хоҳад кард: “Новобаста аз равандҳои глобалӣ, сатҳи таваррум дар давоми ду соли охир ба ҳисоби миёна дар доираи 6 фоизи солона муътадил нигоҳ дошта мешавад”.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *