Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд

Шарҳи мунтахаби латоифи Убайди Зоконӣ аз сӯи Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ дар Тоҷикистон мунташир шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории меҳр, дар ин китоб намунаҳое аз рисолаи Убайди Зоконӣ, ки барои синну соли навҷавонон ва донишомӯзони мадорис муносиб ба назар мерасанд, интихоб шудааст.

Матни латоиф ба ду хатти кириллӣ ва форсӣ аст ва ҳар ду сафҳа рӯбарӯи якдигар қарор гирифтаанд, ки ин навъ саҳифаороӣ имкони татбиқи ду хатт ва шинохти имлои вожаҳоро барои донишомӯз фароҳам мекунад.

Ин китоби 160 сафҳаӣ ба кӯшиши профессор «Шарифмурод Исрофилнё», устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Садриддин Айнӣ ва зери назари «Ҳасани Қарибӣ», раиси Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикӣ таҳия ва мунташир шудааст.

Ин шашумин китоб аз маҷмӯаи шарҳи осори адабӣ ва бисту севвумин китобе аст, ки Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ – тоҷикии Сафорати Эрон дар Тоҷикистон, вобаста ба Бунёди Саъдӣ, онро пас аз бозкушоӣ дар соли 1394 ва барои шогирдони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар ин кишвар, мунташир кардааст.

Осори Убайди Зоконӣ дар таърихи насри адаби форсӣ аз ҷойгоҳи хоса бархӯрдор аст. Бавижа латоифи ӯ, ки танзӣ аст дар ниҳояти эҷоз, дар миёни ақвоми форсизабон шуҳрати камназир дорад.

Шарҳи мунтахаб ашъори Устод Рӯдакӣ, “Гулистон”-и Саъдӣ, “Баҳористон”-и Ҷомӣ,  бист ғазал аз Ҳофиз, дебочаи “Шоҳнома” ва достони “Рустам ва Суҳроб” аз дигар осор мунташиршуда дар ин ҳавза аст.

شرح منتخب لطایف عبید زاکانی در تاجیکستان منتشر شد

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *