«Шарқи озод» аз журналистони фавтида ёд кард

Дар толори  хурди Маҷмааи табъу нашри “Шарқи Озод” (ГЖК) дар шаҳри Душанбе маҳфили ёдбуди иддае аз журналистони шодравон баргузор шуд. 

 

              

Дар маҳфил хотираи Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Муҳаммадҷон Мирзошоев, сардабири пешини нашрияи “Наврӯзи Ватан”, Галина Зутсева, собиқ сармуҳарири нашрияи русизабони “Бизнес и политика”, Шарифи Мисайизод, хабарнигор ва ровии фақиди радиои тоҷик ва дигар хабарнигорону журналистон – Аброри Зоҳир,Раҳими АшрофБахтиёри СафарТолиби СангинУбайдуллои Ширин ва дигарон, гиромӣ дошта шуд.Ҳамкорону дӯстон дар бораи журналистону хабаринигорони шодравон қиссаҳо карданд ва ба ин васила рӯҳи ононро шод гардониданд. Маҳфили ёбдуди иддае аз журналистони тоҷик ба 28 август, рӯзи даргузашти Акбари Саттор рост омадааст. Акбари Саттор, собқи  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 28 августи соли 2015 аз ҷаҳон даргузашта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *