Шарҳи тирпарронии Хоруғ

Прокуратураи  вилояти Бадахшон ба тафтиши муноқиша миёни кормандони пулис ва як гуруҳ аз сокинони шаҳри Хоруғ шуруъ кардааст.

Дар ин муноқиша дар рӯзи 13-уми январ, Наврас Худоёров аз тири пневматикӣ захм бардошт. Мақомоти интизомӣ гуфтанд, муноқиша баъди он сар задааст, ки як сокини Хоруғ ба зидди кормандони пулис аз зӯр кор гирифт ва онҳо маҷбур шуданд, аз силоҳи пневматикӣ истифода баранд.  Ин сокини Хоруғ ба кормандони милиса зӯроварӣ ва таҳдид кардааст. “Ин нафар ҳоло дар беморхона аст. Феълан додситонии вилоят қазияро таҳқиқ дорад.” – гуфтаанд, дар Вазорати корҳои дохилӣ.Дафтари матбуоти вазорат ҳамчунин гуфтааст, онҳое, ки нисбати кормандони пулис таҳдид кардаанд, чанд нафар буданд ва санҷиши аъмоли онҳо идома дорад. Ба зидди ҳеҷ яке аз онҳо парванда боз накардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *