Шарҳи вазорат оиди гаронии нархи маҳсулоти кишоварзӣ

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби гарон будани маҳсулотҳои кишоварзиро айби деҳқонон номид, ки маҳсулоташонро аз арзиши аслӣ гаронтар мефурӯшанд. Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон рӯзи 19-уми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, арзиши аслии 1 килограмм картошка 1.45-1.50 дирам мебошад, вале қиммати он дар бозори яклухтфурушӣ 3:40-3:50 дирам аст.

Ҷаноби Сатторӣ афзуд, миёнаравҳо низ дар баланд будани нархҳои маҳсулот таъсир доранд, зеро онҳо сари ҳар килограм маҳсулот қариб як сомонӣ илова мекунанд. «Деҳқонон андоз месупоранд ва ба ин хотир онҳо мехоҳанд маҳсулоташонро аз арзишаш қиматар фурӯшанд. Имсол нақшаи кишти картошка барзиёд иҷро шуд. Давраи он гузашт, ки деҳқон маҳсулоташро аз арзиши аслӣ пастар мефурӯхт. Деҳқон ҳам одам аст, раҳми деҳқонро кӣ мехурад? Имрӯз деҳқон дар кишт ва фурӯши маҳсулот озод аст»,- афзуд вазири кишоварзӣ.

Бо ин ҳама Иззатулло Сатторӣ ба суоли онки «кай маҳсулотҳои асосии кишоварзӣ дар бозор фаровон мешавад», дақиқан посух надод. Иддаои вазири кишоварзӣ дар ҳолест, ки коршиносонон кам будани маҳсулотро аз омилҳои аслии баланд будани нарх дар бозор аст.

Масъалаи баланд будани нарх дар бозор баҳси гармеро дар нишасти вазорати кишоварзӣ ба миён овард. Изатуло Сатторӣ гуфт, ҳоло 80% картошка дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ нашудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *