Шарбати картошка ба илтиҳоби меъда фоида мерасонад?
Шарбати картошкаи хом танҳо дар вақти бемории илтиҳоби меъда, яъне гастрит зиёд шудани шираи меъда ёрӣ мерасонад.
Мегӯянд, ки барои рафъи илтиҳоби меъда, нӯшидани шарбати картошка фоида мебахшад. Лекин намедонам, ки шарбатро чӣ тавр нӯшидан мумкин аст.
Раҳматулло Латипов, ш. Роғун
Шарбати картошкаи хом танҳо дар вақти бемории илтиҳоби меъда, яъне гастрит зиёд шудани шираи меъда ёрӣ мерасонад.
Агар баъди ташхис муайян шуда бошад, ки шумо гирифтори ин бемориеду аз зиёдии шираи меъда азият мекашед, ҳар субҳ вақти гуруснагии ишкам ба ним пиёлаи калон шарбати хоми картошка (тахминан 100 мл) 1 қошуқча асалро омехта карда менӯшед.
Шарбати картошкаро қаблан тайёр намудан мумкин нест. Шарбатро аз 30 то 60 дақиқа пеш аз хӯрок ва 2-3 маротиба дар як рӯз, муддати 10 рӯз бояд нӯшид. Баъди 10 рӯз танаффус карда, боз муолиҷаи 10- рӯзаро бояд такрор намоед.
Одатан баъди 2 маротиба гирифтани муолиҷаи картошкагӣ аломатҳои беморӣ ба дараҷаи эҳсосшаванда нест мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ