Шарифҷон Ҷумъазода: Ман командаамро иваз намекунам
Раиси навтаъини Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумъазода дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар солҳои наздик дар ҳар деҳа ва маҳаллаи аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ ва як майдони варзишӣ ба истифода дода хоҳад шуд.
Ӯ гуфт, ки чунин инфрасохтори иҷтимоӣ давоми 10 соли оянда бунёд гардида, ҳамзамон, ҷиҳати вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон, маҳаллаҳои аҳолинишин аз ҷониби кумита тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Ҷумъазода ба саволи хабарнигори Pressa.tj вобаста ба он, ки «минбаъд чун анъанаи дигар роҳбарони навтаъин командаи худро иваз мекунад ё не?» чунин гуфт: «Ҳоло дар кумита онҳое фаъолият доранд, ки кори худро хуб медонанд ва ҳамаи мо, аз ҷумла ман ҳам дастпарвари раиси пешини ин сохтор Қосими Ращбар ҳастем ва ҳоҷат ба иваз намудани кормандон нест».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ