Шариф Ҳамдампур дар шинохти дигарон

Дар ҳошияи 70 — солагии журналист, публитсист Шариф Ҳамдампур

Абдунабӣ САТТОРЗОДА, профессор:

-Журналисти шинохта Шариф Ҳамдампур ҳанӯз аз даврони донишҷӯӣ ба таърихи халқи тоҷик ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, хоса Бобоҷон Ғафуров таваҷҷуҳи зиёд дошт ва аз ҳамон замонҳо ин мавзуъро пайгирӣ мекард. Асари ӯ “Тоҷикон дар суҳбати Сталин бо Ғафуров” натиҷаи заҳматҳои чандинсолаи муаллиф буда, дар бадали солиёни зиёд, гаштаву баргашта маъхазҳои таърихиро такорӯ намудан ба вуҷуд омадааст.

 

Фарҳод РАҲИМӢ, академик:

 — Мусоҳибаҳое, ки дар атрофи миллати тоҷик, тоҷикият, ҳисси худшиносию худогоҳии миллӣ Шариф Ҳамдампур анҷом додааст, дар ҳақиқат барои тарбияи насли ҷавони кишвар, дар рӯҳияи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, арзишҳои миллии мардуми кишвар бисёр муҳим ва саривақтӣ аст.

Муҳаммад ҒОИБ, Шоири халқии Тоҷикистон:

— Аз мутолиаи навиштаҳои Шариф Ҳамдампур чунин бардошт метавон кард: он чизе, ки тақдим намешавад, Ватан аст, он тақвиме, ки кӯҳна намешавад, Ватан аст. Шариф Ҳамдампур журналисти ватандӯст аст ва бо навиштаҳояш ҳамеша ватандӯстиро талқин мекунад.

  Иброҳим УСМОНОВ, профессор:

… Муҳимтарин коре, ки Шариф Ҳамдампур дар китоби “Тоҷикон дар суҳбати Сталин бо Ғафуров” кардааст, нашри суҳбати Бобоҷон Ғафуров бо Сталин аст. Чаро? Чунки дар ин суҳбат Сталин гуфтаи Бобоҷон Ғафуровро дар бораи он ки мардуми тоҷик қадимтарин мардуми Осиёи Миёна ҳастанд, ифода кардааст.  

Сангин ГУЛЗОД, устоди факултаи журналистикаи ДМТ:

-Дар чанд соли охир публитсисти шинохта, устод Шариф Ҳамдампур чанд асари арзишмандро ба хонандагон пешкаш кард, ки воқеан саҳифаҳои норушанеро аз ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеаи мо рушан месозанд. Ҳанӯз нақди мо ба ин асарҳо арзиши сазовор надодааст. Китоби «ВЗГЛЯД: лица и события от Памира до Кремля» бо забони русӣ нашр гардидааст, ки дар шароити муосир нӯшдоруе барои ватандӯстон, ханҷаре дар синаи бадхоҳони миллат ва Ватани тоҷик аст. Пӯшида нест, ки мо ҳама забони модариамонро дӯст медорем. Аммо имрӯз вақти он аст, ки дар баробари бо забони модарӣ асар офаридан, ҳамчунин бо забонҳои дигар, хоса англисиву русӣ асарҳое эҷод шаванд, ки моро муаррифиву манфиатҳои моро ҳимоя карда тавонанд. Аз ин нигоҳ асари мазкур саривақтист ва муаллиф тавонистааст, ки бо мавқеъгирии хос сарнавишту манфиат, таъриху фарҳанги тоҷикро дифоъ намояд. Муҳим он аст, ки муаллиф бо факту далел мегӯяд ва гоҳе аз як баёни нозук хеле бомаҳорат истифода мебарад.

Асар аз 3 бахш иборат аст. Бо нишон додани корномаи аллома Бобоҷон Ғафуров муаллиф ба имрӯзиён сабақ медиҳад, сабақи ибрат аз рӯзгори бузургон, сабақи истифода аз фурсат ба манфиати миллат, сабақи амал кардан… Барои дигарон муаллиф гуфтан мехоҳад, ки миллати тоҷик ҳамеша силоҳе барои ҳифз дошту дорад, ки дар маърифату маънавиёти миллат ифода меёбад. Ва дар мисоли дурбиниву ҷасорати роҳбари донишманд Бобоҷон Ғафуров муаллиф хонандаро ба ин андеша итминон мебахшад. Очерку мақолаҳо бахши дуюм ва суҳбату мусоҳибаҳои муаллиф бахши сеюми асарро ташкил медиҳанд. Ин навиштаҳо то андозае таърихи қариб 40-солаи моро нишон медиҳанд. Муаллиф очерку мақолаҳоеро интихоб кардааст, ки ҳанӯз замони шӯравӣ дар матбуоти Маскав (он замон матбуоти марказӣ) чоп шудаанд…

Дар маҷмуъ агар ба ин очерку мақолаҳо назар андозем, мебинем, ки меҳварашон боз ҳам муҳаббат ба миллат, ормонҳои миллӣ, созандагии тоҷик аст. Яъне муаллиф дар ҳар навиштааш талош кардааст, ки тоҷикро созандаву саҳмашро дар таърихи башарият ва зарбаву хиёнатҳои таърихро ба миллаташ нишон диҳад.

Зулфия ДАВЛАТЗОДА, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон:

-Китобе, ки айни ҳол мутолиа дорам, ин “Тоҷикон дар суҳбати Ғафуров бо Сталин” аз Шариф Ҳамдампур мебошад. Муаллиф дар бораи лаҳзаҳо аз рӯзгори Қаҳрамони халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ҳарф мезанад. Лаҳзаҳои рӯзгорашро муаллиф аз хотироти ҳамкорон, ҳамнишинон, ҳамсафон, наздикони Б. Ғафуров ва бойгониҳои солҳои гуногун ҷамъ овардааст. Дар ин лаҳзаҳо муаллиф натанҳо чеҳраи ин шахсияти бузургро дар сарнавишти халқи тоҷик нақши созанда доштаро боз мекунад, балки парда аз рӯи ҳақиқати таърих мебардорад. Аслан ин китоб аҳамияти таърихӣ ва тарбиявӣ дорад. Хондани ин китоб барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҳатмист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *