Шариф Назарзода аз қаҳрамонии Дилшодро қадрдонӣ кард

Сардори РВКД Душанбе генерал Шариф Назарзода дар як ҷаласаи тантанавӣ ба Дилшод Ҳайтов барои наҷот додани ҳаёти инсон «Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд. Ин ҷавон рӯзи 30 апрел як зани 31-соларо, ки мехост ҳамроҳи ду кӯдакаш худро ба дарёи Душанбе партофта, худкушӣ кунад, аз марги ногузир наҷот додааст.

Маросими қадрдонии Ҳайтов Дилшод Ҷамахонович дар маҷлисгоҳи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар як фазои тантанавӣ доир шуд. Бино ба гузориши маркази матбуоти милитсияи пойтахт,сардори РВКД Душанбе генерал Шариф Назарзода ба ин ҷавон барои далерию ҷасурӣ, ҷавонмардию иҷрои қарзи шаҳрвандӣ, ҳамчунин аз марг наҷот додани ҳаёти инсон «Сипоснома” ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Генерал Назарзода зимни супурдани тӯҳфаҳо ба далериву ҷасурии ин ҷавонмарди сокини пойтахт таҳсин гуфта, рафтори Дилшод Ҳайтовро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ кард: «Воқеан амалу рафтори ҷавонмардонаи чунин шахсони нотарсу далер боиси ифтихор ва шоистаи таҳсин буда, дар баробари ин дигар шаҳрвандонро низ водор месозад то ки дар нигоҳ доштани тинҷиву оромӣ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа бетараф набуда, кӯмаки амалӣ ва саҳми арзандаи худро гузоранд.

Рӯзи 30 апрел, соати тахминан 12:30 як ҷавонзани 31-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки мехост худро бо ҳамроҳии ду фарзанди хурдсолаш ба дарё афканда ғарқ намояд, аз ҷониби шаҳрванд Ҳайтов Дилшод Ҷамахонович, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе наҷот дода шуд.Дилшод Ҳайтов мегӯяд, он зан ду фарзанди ноболиғашро кашолакунон ба соҳили дарёи Душанбе,воқеъ дармаҳаллаи Ҳаёти Нав, дар рӯ ба рӯи маркази савдои «Ёвар» бурда, қасди худкушӣ ва ба ҳалокат расонидани ду фарзандашро дошт. Аммо Дилшод бо дидани ин ҳолат дарҳол бо ҷасуриву далерӣ модар ва ду фарзанди хурдсолашро аз таҳдиди ғарқшавӣ, аз лаби дарёи Душанбе наҷот додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *