Шариф Раҳимзода: Зидди низоми таҳсили кредитӣ дар Тоҷикистон ҳастам!
Мо бояд сифатро аз ҳисоби рақобати байни донишгоҳҳо таъмин намоем, на аз ҳисоби кам кардани донишҷӯён. Бозор озод аст. Ҳар касе дониши муайян дораду пули хонданро пардохт менамояд, ҳуқуқ дорад, ки дар донишгоҳ таҳсил кунаду соҳиби диплом шавад.
(Идомаи мусоҳиба бо Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия)
Суғду Данғара рушд доранд
— Ҳоло дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ расман фаъолият доранд. Аммо ду минтақа: Панҷ ва Ишкошим кори чашмрас надоранд ва соҳибкорон таваҷҷуҳ ҳам намекунанд. Чаро? Назари шумо ба фаъолияти минтақаҳои иқтисодии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
— Асосан фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ на танҳо бо мақсади истеҳсол ва фурӯши маҳсулот дар дохили кишвар, балки бештар ба содирот нигаронида шудааст. Ду минтақаи озоди иқтисодии мо яке дар Панҷи поён ва дигаре дар Ишкошим дар сарҳади Афғонистон ҷой гирифтаанд. Чандин маротиба соҳибкорон хостанд, ки дар ин минтақаҳо фаъолиятро оғоз кунанд, вале бо бад шудани вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя худро канор гирифтанд. Агар он ҷо маблағгузорӣ кунанд ҳам, маҳсулотро ба Афғонистону Покистон ва кишварҳои дигари Осиёи Ҷанубӣ содирот карда наметавонанд. Зеро вазъи сиёсии минтақа ба ин даст намедиҳад. Ҳар гуна хавфро дар ин ҷо эҳсос мекунанд. Бинобар ин, фаъолият дар ин минтақаҳо душвор аст. Ин минтақаҳо барои оянда лозиманд.
Минтақаҳои озоди иқтисодии Суғду Данғара хеле хуб рушд карда истодаанд. Дар ин минтақаҳо корхонаҳои калони саноатӣ таъсис ёфта, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст. Таҷрибаи муваффақи ин ду минтақа аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” таъсис ёфт. Минтақаҳои иқтисодӣ аз имтиёзҳои зиёд, аз ҷумла, дар андозбандӣ бархӯрдоранд.
— Солҳои 2019-2021 дар Тоҷикистон соли дастгирии соҳибкорӣ ва моратория эълон гардид. Қаблан низ дар Тоҷикистон моратория эълон шуда буд. Моҳияти он аз чӣ иборат аст ва дар муқоиса ба солҳои қаблӣ ин моратория бо чӣ фарқ мекунад?
— Таҷриба ва натиҷаҳо дар солҳои гузашта нишон доданд, ки дароз кардани муҳлати моратория ба манфиати соҳибкорону иқтисодиёт аст. Санҷишҳои нобаҳангому монеаэҷодкунанда ва таъсири манфии онҳо ба рушди соҳибкорӣ буд, ки Пешвои миллат бо мақсади пешгирии таъсири манфии санҷишҳои пайдарҳаму нобаҳангом супориш доданд, ки муҳлати моратория дароз карда шавад. Намудҳои санҷиш хеле зиёд буданд ва аз тарафи сохторҳои гуногун сурат мегирифтанд. Акнун миқдори онҳо кам карда шуд. Аз ин ба баъд соҳибкорон имкон доранд, вақти бештари худро ба таъмини рушди истеҳсолот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя, худомӯзӣ ва ҳалли мушкилиҳои дигар сарф кунанд.
Шарикӣ байни қарзгиру бонк аз байн рафт
— Солҳои зиёд муовини раис ва баъдан раиси Бонки миллӣ будед. Дар ин давра низоми бонкии кишвар ташаккул ёфт. Аммо чанд соли охир вазъи бонкҳои тиҷоратӣ вазнин аст. Чанде аз онҳо, “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк”, муфлис шуданд, “Тоҷиксодиротбонк”, “Агроинвестбонк” вазъи бади молиявӣ доранд. Бо ин амалашон муштариёнро сарсон карданд. Чаро ин бонкҳо ба чунин ҳол расиданд? Сабабро дар чӣ мебинед: дар мудирияти нодуруст ё омили дигар?
— Сабабҳо зиёданд. Сараввал, бадшавии вазъи иқтисодии кишварҳои шарики иқтисодии Тоҷикистон боиси қариб ду баробар кам шудани маблағи интиқолҳои пулӣ ва дар ин асос кам шудани даромадҳои пулию пардохпазириии аҳолӣ гардид. Ин ба суръати рушди иқтисодиёту талабот ба қарзҳои бонкӣ бетаъсир намонд. Дуюм, бонкҳои тиҷоратии мо асосан маблағҳои нисбатан арзонро аз бонкҳои Россияю Қазоқистон ҷалб мекарданд. Бад шудани вазъи иқтисодӣ ва мушкилиҳои бонкҳои онҳо боиси бенасиб мондани бонкҳои тоҷикистонӣ аз чунин маблағҳо шуд. Ин дар навбати худ ба самаранокии фаъолияти бонкӣ таъсири манфӣ расонид. Болои он дар ҳолати камшавии даромадҳои пулии аҳолӣ мардум барои қонеъ гардонидани талаботи худ пасандозҳои дар бонкҳо доштаашонро мегиранд, ки вазъи бадшудаистодаи бонкҳоро боз ҳам бадтар мекунад. Мудирияти нодурусти бонкҳо низ ба бонкдорӣ таъсири манфӣ расонд. Бонкдорӣ бисёр кори нозук аст. Агар роҳбари бонк мутахассиси соҳа набошад, метавонад бо пешбурди сиёсати номуносиби қарзӣ, қабули қарори нодуруст, сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ ё дер қабул кардани қарор ба соҳибону мизоҷони бонк миллиардҳо сомонӣ зарар расонад. Дар бонкҳо кормандон ба идораи пулҳои мардум машғуланд ва бояд ҳам масъулиятшинос ва ҳам мутахассиси сатҳи баланд бошанд. Барои бонкир шудан дониши дахлдор ва малакаи камаш 15 — солаи корӣ маҳз дар ин низом зарур аст. Давраи шӯравӣ дар бонкҳо асосан мардуми русзабон кор мекарданд. Тоҷикону мардуми дигари маҳаллӣ қариб, ки дар ин соҳа набуданд. Баъди аз кишвар рафтани русзабонҳо ба ин низом мутахассисони соҳаҳои гуногун, ҳатто коркунони соҳаҳои аз он дур ворид шуданд. Болои он шумораи бонкҳо якбора зиёд шуд ва аниқ аст, ки шумораи зарурии кормандони соҳаи бонкӣ намерасид. Ин аст, ки мо аз низоми дурусти қарздиҳӣ ва хизматрасонии бонкӣ дур шудем. Бештар қарзҳое додем, ки ё таъминоти дуруст надоштанд ё имкониятҳои қарзгирандаро ба инобат намегирифтанд. Шарикӣ байни қарздиҳандаю қарздор аз байн рафт. Дигар бонк худро барои баргардонидани қарзи додааш ҷавобгар ҳис намекард. Қарздор нисбатан озод буд. Дар замони шӯравӣ агар бонк қарз медод, қарзгиранда доимо таҳти назорати он қарор мегирифт. Мутахассисони бонк хусусиятҳои фаъолияти қарздорро медонистанд. Мо дар донишгоҳ дар баробари фанҳои иқтисодӣ технология ва фанҳои соҳавиро мехондем, зеро донистани соҳаи фаъолияти мизоҷи бонк барои мо ҳатмӣ буд. Мутаассифона, ҳоло чунин нест. Агар барои хариди хона қарз диҳем, ин маблағ бояд барои пардохти нархи он сарф шавад. Қарз набояд пурра дар ихтиёри қарзгир гузошта шаваду он чӣ тавре ки мехоҳад, онро сарф кунад. Хонаи бо қарзи бонкӣ харидашуда таъмини қарз ва гарави бозгашти он аст. Пеш аз он ки касе аз бонк қарз мегирад, ӯ бояд қисме аз маблағи барои фаъолияташ ё хариди хона заруриро дошта бошад. Барои мисол, агар нархи хона 300 ҳазор сомонӣ бошад, харидор бояд тақрибан 90 ҳазорашро дошта бошад. Мутаассифона, чунин набуд ва қарзҳои зиёде дода шуданд, ки таъминоти дуруст надоштанд. Инчунин, нархи хона ва иншоотҳои ба гарави қарз қабулшуда бинобар таъсири буҳрони молиявӣ поён рафт. Ҳатто, кормандони баъзе бонкҳо пешакӣ медонистанд, ки қарзҳои додашаванда барнамегарданд, вале ин омилро ба инобат намегирифтанд, зеро манфиатҳои шахсиашон болотар аз манфиати бонк буд. Дар бонкдорӣ хотирбинӣ, ба инобат гирифтани мавқеи роҳбари бонк ё соҳибони бонк раво нест. Зеро дар онҳо пули мардум ҳамчун амонат гузошта шудааст. Ба амонат хиёнат кардан гуноҳи нобахшиданист. Мо бояд муносибатамонро ба бонку бонкдорӣ комилан дигар кунем. Муносибати русҳою қазоқҳо ба бонкҳою бонкдорӣ намунаи хубест.
— Аз баланд будани фоизи қарз дар бонкҳои Тоҷикистон бисёр мегӯянд. Чаро фоизи қарз баланд аст ва магар ин ба шароити Тоҷикистон мутобиқ аст?
— Дар ҳақиқат фоизи қарзҳо нисбатан баланд аст. Дар чунин ҳолат қарз наметавонад ба рушди иқтисодиёти воқеӣ мусоидат намояд. Фоизи қарз ин нархи қарз аст, ки онро бозор дар асоси талаботу пешниҳод муайян мекунад. Агар бонкҳо захираҳои қарзии зиёдатӣ медоштанд, маҷбур мешуданд фоизи қарзро поён баранд, то тавонанд аз бақарздиҳии ин захираҳо фоида гиранд. Мутаассифона, захираҳои қарзии бонкҳо зиёд нест, аз ҷумла бо сабаби камшавии пасандозҳо. Солҳои 2008 то 2014 бонкҳои тоҷикистонӣ аз бонкҳои Россияю Қазоқистон бо фоизи паст қарзи зиёд мегирифтанд. Аз сарчашмаҳои дигар низ маблағҳои зиёд ворид мешуданд. Мутаассифона, ҳоло бонкҳо чунин имконият надоранд.
— Барои чӣ?
— Зеро Россия, Қазоқистон ва дигар кишварҳо худ мушкилӣ доранд ва маблағҳои доштаашонро барои рушди иқтисодиёти худ равона мекунанд. Кишварҳои аврупоӣ бошанд, ба мо қарз намедиҳанд, зеро бонкҳои мо рейтинги заруриро надоранд.
— Имрӯз бозори асъори Тоҷикистон калаванда аст. Қурби доллар майли болоравӣ дорад. Бозори сиёҳи асъор хеле ривоҷ ёфтааст. Бо нархи тасдиқнамудаи Бонки миллӣ асъори хориҷӣ харидорӣ намудан ниҳоят мушкил аст. Муштариён барои гирифтани ҳамагӣ то 500 доллар соатҳо дар нуқтаҳои мубодилаи асъор навбат меистанд, аммо бенатиҷа. Чаро ба чунин вазъ гирифторем? Чӣ бояд кард, ки бозори асъор ба танзим дарояд ва омилҳои субъективӣ аз байн равад?
— Дар таърихи Тоҷикистон танҳо соли 2008 қурби доллар каме поён рафт. Дигар ҳама солҳо он боло рафтааст. Мутобиқ ба талаботи қонун воситаи ягонаи хариду фурӯш дар қаламрави Тоҷикистон пули миллӣ — сомонӣ мебошад. Яъне, гардиши пулҳои кишварҳои дигар ва истифодаи онҳо ҳангоми хариду фурӯши молу хизматрасонӣ манъ аст. Мавҷудияти теъдоди зиёди нуқтаҳои мубодилаи асъор ва хариду фурӯши асъор вобаста ба шароити замон буд. Гарчанде ман ҳам зидди хариду фурӯши асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор будам, вале онҳо кори муайянро ба анҷом мерасониданд ва таҳти назорати Бонки миллӣ буданд. Ҳар бор, вақте ки ба онҳо таъсир расонида мешуд, бозори сиёҳ боз рушд мекард ва ин ба қурби пули миллӣ бетаъсир набуд. Рушди низоми бонкӣ, аъзогии Тоҷикистон ба созмонҳои муқовиматкунанда ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, пешгирии имкони фиристодани маблағҳо барои мақсадҳои зикршуда, аз ҷумла дастгирии террористони “Давлати исломӣ” ва ғайраҳо зарурати танзими ин низомро ба миён овард. Ин аст, ки Бонки миллӣ ва сохторҳои дахлдор ҳамчун пешбарандаи сиёсати асъор дар дохили кишвар ҳаракати асъорро назорат мекунанд. Ҳар касе, ки бо ширкатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад ё бо мақсадҳои гуногун ба хориҷи кишвар сафар мекунад, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда метавонад асъори хориҷиро харидорӣ намояд. Албатта, ҳолатҳое мешаванд, ки бонкҳо наметавонанд талаботи мизоҷро қонеъ намоянд. Он гоҳ бонк бояд ҳаҷми зарурии асъорро аз бонкҳои дигар харидорӣ намояд. Мо ҳамчун шаҳрванд бояд ба истифодаи асъори хориҷӣ дар дохили кишвар роҳ надиҳем, зеро истифодаи асъори хориҷӣ дар дохили кишвар хизмат кардан ба кишвари хориҷӣ аст.
Фаъолияти шӯроҳои илмӣ суст аст
— Шумо профессор дар риштаи молияю бонкдорӣ ҳастед ва дар донишгоҳҳои олӣ ба донишҷӯён дарс мегӯед. Имрӯз сатҳи дониши иқтисодии донишҷӯён шуморо қаноатманд мегардонад?
— Не албатта. Сараввал, дар кишвари мо барои аз худ кардани дониш дар самтҳои ҷамъиятӣ, дақиқу техникӣ, ки таъминкунандаи рушди ҷомеаанд адабиёт хеле кам аст. Донишҷуён бошанд, аксар забонҳои англисию русиро намедонанд, то аз сарчашмаҳо бо забонҳои дигар истифода кунанд. Новобаста аз таъкиду сахтгириҳои Пешвои миллат, Президенти муҳтарамамон дар самти омӯзиши ин забонҳо пешравӣ ба назар намерасад. Вале ҳавасмандии донишҷуён барои аз худ кардани фанҳо нисбати солҳои пешин бештар ба назар мерасад. Вақте ки ба аудитория ворид мешавед, мебинед, ки 90 фоизи донишҷӯён дарсро бодиққат гӯш мекунанд. Баъзеи дигар ором нишастаанд, вале фикру хаёлашон дар дигар ҷост. Бархе бо телефон паёмакбозӣ мекунанд. Пеш аз он ки дарсро оғоз кунам, ба донишҷӯён зарурияти фанро мефаҳмонам. Дарси додаам оид ба пулу қарз буда, ба ҳама дахл дорад. Бо донишҷӯён бисёр наздикам, зеро имрӯз ба онҳо додани донишу таҷрибаеро, ки тӯли солҳои дароз гирифтаам, вазифа ва қарзи худ медонам. Ба хотири адои ҳамин қарз ба донишгоҳ меравам. Мебинам, ки шумораи онҳое, ки воқеан ташнаи донишанд, зиёд шуда истодаанд ва бояд зиёд шавад, зеро имрӯз иқтисодиёти кишвар ниёз ба мутахассисон дорад. Новобаста аз хешутаборӣ, бародарию хоҳарӣ, агар мехоҳем, ки фаъолияти соҳибкориамон босамар бошад, бояд мутахассисонро ба кор гирем. Ҳоло ҳамаи онҳое, ки фаъолияти ҳалол доранд, рӯ ба мутахассис меоранд, зеро рақобат дар тамоми соҳаҳо пуршиддат шуда истодааст. Бинобар ин, донишҷӯёни риштаи иқтисод дар рақобат қарор доранд ва танҳо беҳтаринҳо ҷойи кори муносиб меёбанд.
-Имрӯз тамоми муассисаҳои олии кишвар ба низоми кредитии таҳсил гузаштаанд. Шумо ин низомро ҷонибдорӣ мекунед?
-Ман сад дар сад ҷонибдори низоми тестии қабули довталабон ба донишгоҳҳоям, зеро он 90 фоизи мушкилиҳоямонро аз байн бурд. Аммо низоми кредитии таълимро қабул надорам. Онро ба истилоҳ “тоҷикӣ” кардему ба талаботи имрӯзаи ҷомеаи мо ҷавобгӯй нест. Худ муаллимаму мебинам, ки донишҷуён чӣ гуна баҳо мегиранд. Донишҷӯ агар дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол бошад, метавонад ба осонӣ соҳиби диплом шавад.
— Қаблан кадрҳои соҳаи иқтисод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон омода карда мешуданд. Аммо имрӯз мисли замбурӯғҳои баъди борон дар бештари муассисаҳои олии кишвар дар риштаи иқтисод мутахассисон омода мешаванд, аммо аксарият бо ҷойи кор таъмин намешаванд. Чаро?
— Ин талаботи бозор аст. Мо бояд сифатро аз ҳисоби рақобати байни донишгоҳҳо таъмин намоем, на аз ҳисоби кам кардани донишҷӯён. Бозор озод аст. Ҳар касе дониши муайян дораду пули хонданро пардохт менамояд, ҳуқуқ дорад, ки дар донишгоҳ таҳсил кунаду соҳиби диплом шавад. Дар ин раванд зарур аст, ки баҳодиҳӣ ба донишгоҳҳо дуруст бошад. Донишгоҳе, ки мутахассиси хуб омода мекунад, бояд дастгирӣ ёбад. Донишгоҳҳое, ки ба талабот ҷавобгӯй нестанд, бояд баста шаванд. Бубинед, чанд сол пеш дар Россия 2068 донишгоҳ амал мекард. Ҳоло ин рақам то 1167 адад расидааст. Бештарашон ба рақобат тоб наоварда, баста шуданд. Вақте ки сифати таҳсил паст шуд, ниҳоди дахлдор иҷозатномаи онҳоро мегирад. Имрӯз қисме аз донишгоҳҳои мо аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешаванд, сохторҳои дахлдор бошанд, дар ин самт назоратро бояд пурзӯр кунанд. Зеро мутахассисони ин муассисаҳои олӣ боз дар сохторҳои давлатӣ фаъолияти худро идома медиҳанд.
— Ба ягон Шӯрои диссертатсионӣ аъзо ҳастед? Агар ҳа, ба сатҳи корҳои илмӣ чӣ гуна баҳо медиҳед?
-Бале, ман ба се Шӯрои диссертатсионии тоҷикӣ ва як Шӯрои диссертатсионии русӣ аъзоям. Фаъолияти шӯроҳои илмӣ нисбат ба пеш каме сусттар аст. Шӯроҳои тоҷикӣ нав ба фаъолият оғоз кардаанд. Дар онҳо асосан корҳое дифоъ мешаванд, ки қаблан бо забони русӣ омода шуда буданд. Дар шӯроҳое, ки ман аъзо ҳастам, то ҳол надидаам, ки бо забони тоҷикӣ ҳимояи илмӣ сурат гирифта бошад, вале шунидам, ки чанд нафар аллакай бо забони тоҷикӣ рисолаи илмӣ ҳимоя карданд. Ҳоло ҳам низоми пешин амал мекунад. Онҳое, ки кори илмиро анҷом медиҳанд, асосан такя ба сарчашмаҳои илмӣ мекунанд. Мутаасссифона, дар илмҳои иқтисодӣ, дақиқу техникӣ ҳоло сарчашмаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ вуҷуд надоранд. Ташаккули сарчашмаҳои илмӣ вақти зиёд мехоҳад, бинобар ин, танҳо онҳое метавонанд бо забони тоҷикӣ дар ин соҳаҳо рисолаи илмӣ нависанд, ки забонҳои пешрафтаи хориҷиро медонанд ва аз сарчашмаҳои илмии хориҷӣ истифода кардаанд.
— Дар як нишасте пешниҳод кардед, ки мақомот ва мардуми кишвар бояд ба омӯзиши илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи ҷиддӣ кунанд. Аммо мушоҳида мешавад, ки дар мо бештар майл ба илмҳои гуманитарӣ доранд. Чаро? Чӣ бояд кард, ки майл ба илмҳои дақиқ бештар шавад?
— Ҳамаи мо мактаби миёнаро хондаем. Хонандагоне, ки фанҳои дақиқ, ба монанди математика, физика, химия ва ғайраҳоро хуб медонистанд, ифтихори мактабу ноҳияю ватан буданд. Агар ба таҷрибаи кишварҳои дигар назар афканем, мебинем, ки ҳама ба ҳукумати электронӣ ва иқтисоди инноватсионию рақамӣ мегузаранд. Мо ҳам наметавонем ба қафомонӣ аз сатҳи рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳ диҳем. Иҷрои ҳамаи стратегияю барномаҳо, вазифаҳои аз ҷониби Пешвои муаззамамон гузошташуда, хусусан гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба модели индустриалӣ-аграрии рушди иқтисодиёт бештар аз мутахассисони муҳандиссию техникӣ вобаста аст. Онҳо қодиранд неругоҳу корхонаҳои азим бунёд кунанд, дигарон, аз ҷумла мо иқтисоддонҳо мусоидаткунандаи кори босамари онҳоем. Ҳадафи асосӣ қафо намондан аз рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Ман зидди фарҳанг нестам, шояд нисбат ба баъзеҳо бештар шеър донам. Вале шеърдонӣ ҳунар нест, он воситаи татбиқи ҳунар аст. Вақте ман фикрамро пурра ба аудитория расониданӣ мешавам, мумкин аз шеър истифода мебарам. Донистани компютер низ ҳунар нест, воситаи татбиқи ҳунар аст. Масалан, банда мутахассиси соҳаи бонкдориам ва тавассути истифодаи компютер корамро ба анҷом мерасонам. Донистани забони хориҷӣ ҳам ба шахс имкон медиҳад, ки самаранокии корашро баланд бардорад.
— Дар бораи «технократ»-ҳои ҷавоне, ки гӯё метавонанд ҷумҳуриро аз буҳрони тӯлонӣ раҳонанд, чӣ андеша доред?
— Мувофиқи қонуни мавҷуда одамони то 30-сола ба гурӯҳи ҷавонон ворид мешаванд. Ҳоло мо ба ҷавонон ниёз дорем. Вале бояд донист, ки онҳое дар идоракунӣ муваффақ шуда метавонанд, ки ҳам дониш ва ҳам таҷрибаи зарурӣ доранд. То 30-солагӣ муҳлати басанда аст, ки шахс ҳам соҳиби донишу ҳам малакаи зарурӣ гардад. Бо донишу бе таҷриба ба қуллаҳои баланд наметавон расид. Инро дар такя ба таҷрибаи худ мегӯям. Масалан, барои мутахассис дар соҳаи бонкдорӣ баъди хатми донишгоҳи соҳавӣ камаш 15 соли кор дар бонк лозим аст. Зеро тамоми донишҳое, ки мегирем, базавианд. Донишдоре нест, ки баъди донишгоҳ ба истеҳсолот рафта, дарҳол муваффақ шавад. Пешвои миллат ба муввафақшавии ҷавонон дар самтҳои гуногун диққати хоса медиҳанд. Онҳо бояд аз шароити мавҷуда истифода кунанд, забонҳоро хуб донанд, компютеру барномаҳои компютериро аз худ кунанд, пешсафи ҷомеа ва сазовори боварии Ҷаноби олӣ бошанд.
Чаро Аврупо пешрав асту мо не?
-Муддате дар Аврупо кору зиндагӣ доштед. Сабаби муваффақияти онҳоро дар чӣ мебинед?
— Онҳо чанд чизе доранд, ки мо надорем. Якум, фарзандро барои он калон мекунанд, ки фарзандашро калон кунад. Фарзанд дар синни 18-20-солагӣ аз хона баромада меравад. Фикр мекунад, ки аз ҳисоби падару модараш зиндагӣ кардан хатост. Фарзанд ба худаш такя мекунад. Ҳатто онҳо ба худояшон такя намекунанд, чунки дар дини онҳо мустақилият ҳаст. Мо ин мустақилиятро надорем. Мо қариб то 30-35 — солагӣ бо оилаем, ба падару модар такя мекунем. Дар худамон қувваи мустақилиятро намебинем. Ҳатто агар 30- сола ҳам шавем, ҳаракат мекунем, ки аз имкониятҳои волидайн истифода кунем. Пойбандем, аз ҷудо шудан метарсем. Дар аврупоиҳо ин чиз нест. Пеш мераванд ба сӯйи оянда. Ба ғайр аз худ, ҳеҷ касро намебинанд. Онҳоро дар ақидаи боварӣ ба худ ва вобастагӣ аз худ тарбия кардаанд.
Мо кӯдакро аз хурдӣ такя ба итоат кардан меомӯзем: ҳар чӣ калон гӯяд дуруст аст, овозатро баланд накун, сари хамро шамшер намебурад ва монанди ин. Бо мулло вохӯрдем, ҳатман аз он воқиф мешавем, ки қисматамон дар пешониамон навишта шудааст, саги худоем, аз дасти мо ҳеҷ чиз намеояд. Яъне, аллакай қобилияту истеъдоди кӯдак бо чунин рафтор маҳдуд карда мешавад. Гарчанде Аллоҳи таъоло мо — бандагонашро бо қобилиятҳои зарурӣ меофарад ва бояд худ роҳи зиндагиамонро ёбем, дар асл чунин рафтор намекунем. Ин аст, ки агар дар роҳи татбиқи мақсадамон каме ба душворӣ дучор оем, аз роҳамон мегардем. Садҳо бор ба худ ваъда медиҳем, ки ҳунар, забон, компютер меомӯзем, вале аввал шурӯъ мекунему баъди чанде аз роҳамон мегардем. Ба худ бовар надорем. Ҳодисае, ки дар масҷиди Зеландияи нав рух дод, ба ёд оред. Вақте террорист вориди масҷид мешавад, ҳама сар хам мекунанд. Касе сар боло намекунад ва муқобилият нишон намедиҳад. Яъне, мо ҳамин гунаем… Банда тарафдори мусулмони сарбаландам. Оне, ки дигаронро на бо зурӣ, балки бо дониши баландаш идора мекунад. Агар мо аз дигарон дониши бештар дошта бошем, хоҳу нохоҳ моро эътироф мекунанд. Ин аст, ташвиқи аслии дини мубини ислом.
Мусоҳиб Усмон Раҳимзода,
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ