Шарифзода мудири  қароргоҳи Президент шуд

Бино ба қарори ҳукумат, ба  мақоми мудири қароргоҳи Президент дар Кӯлоб  Ҷамшед Шарифзода (Шарифзода Ҷамшеди Намозалӣ) таъин гардидааст.

Як сол пеш мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки сохтмони қароргоҳи Президент  дар ҷамоати Чорбоғи шаҳри Кӯлоб ниҳоӣ шудааст ва бояд ба зудтарин фурсат ба истифода дода шавад. Сохтмони қароргоҳи президенти Тоҷикистон соли 2015 дар масоҳати 25 гектар шурӯъ шуд. Дар ин қароргоҳ дар баробари як боғи сабзу хуррам толори қабули меҳмонон ва ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст. Қароргоҳ имкон медиҳад, ки Президенти  Тоҷикистон дар онҷо меҳмону намояндагони ҳукуматҳоро пазируфта, ҷаласа баргузор кунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *