Шарики боэътимод. Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд

Рӯзҳои 18-19-уми апрели соли равон сафари Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар назар аст. Сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ сафари як ҳайати блоки иқтисодӣ таҳти роҳбарии Сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов ба Душанбе сурат гирифт. Зимни ин сафар дар шаҳри Душанбе вохӯрии сатҳи баланди ду ҷониб ва форумҳои иқтисодӣ доир шуданд.

$500 миллион гардиши тиҷорат

Бино ба омори расмӣ, соли 2023 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёда аз 500 млн долларро ташкил дод. Ҳоло дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон Ӯзбекистон зинаи 5-умро ишғол мекунад.

Ҷониби Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқот бо Сарвазири Ӯбекистон ҳам изҳор доштааст, ки омода аст бо корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон дар тарҳрезӣ ва бунёди паркҳои бузурги саноатӣ дар Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад. Таъкид шудааст, ки бахшҳои марбута бояд роҳҳои рушди ҳамкориҳоро таҳия кунанд. Аз ҷумла, дар саноати нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли муштараки мошину таҷҳизоти кишоварзӣ, коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ, саноати истихроҷи маъдан ва металлургия, истеҳсоли таҷҳизоти энергияи барқароршаванда, дорусозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва электроника имконияти бузурги истифоданашуда вуҷуд доранд.

Ҷонибҳо таъкид доштанд, ки барои ба даст овардани тавофуқҳои мушаххас барои амалӣ сохтани ин имконот бояд талошҳои муштарак ба харҷ дода шавад.

Сарвазири Ӯзбекистон: Тоҷикистон шарики боэътимоди мост

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов дар мулоқот бо ҳамтои худ Қоҳир Расулзода зикр кардааст, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти содиқ, шарики боэътимоди стратегӣ ва иттифоқчии Ӯзбекистон мебошад.

«Боиси хушнудист, ки дар солҳои охир ҳаҷми муомилоти моли мутақобила афзуд. Мебояд ба фаъолияти Фонди сармоягузории Ӯзбекистону Тоҷикистон тақвият бахшид. Барои ин мо пешниҳод менамоем, ки барои ҳамоҳангсозии корҳо дар ин самт миёни вазоратхонаҳоямон муколамаи мунтазам ташкил карда шавад”,- илова намуд Орипов.

Истеҳсоли мошинҳои Ӯзбекистон дар Тоҷикистон?

Ҳоло Ӯзбекистон дар истеҳсоли мошинҳои модели гуногун пешсаф аст. Кишвари ҳамсоя талош дорад, ки истеҳсоли муштараки мошинҳоро дар Тоҷикистон низ ба роҳ монад. Ин масъала зимни мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон Лазиз Қудратов дар моҳи марти соли равон баррасӣ гардид. Ҳамчунин, ҷонибҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, истеҳсоли чархҳо дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «ТАЛКО» барои эҳтиёҷоти саноати мошинсозии Ӯзбекистон, сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон суҳбат намудаанд.

Бояд гуфт, ки гуфтугузор атрофи бунёди ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон чандин сол боз идома дорад. Аммо то ҳол мушаххас нест, ки кай Ӯзбекистон онро месозад.

Дурнамои ҳамкорӣ

Коршиносон ба ин боваранд, ки баъд аз сафари нахустини Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистон пешрафти иқтисодиёт назаррас аст. Ин сафари Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли 2018 сурат гирифта буд, ки дар ҳошияи он байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 27 созишнома ба имзо расид.

Бино ба гуфтаи мудири бахши Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти назди Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хуршед Асадов, байни Тоҷикистону Ӯзбекистон динамикаи рушд ба назар мерасад, аммо ҳоло ҳам имкониятҳои мавҷуда зиёданд. Ӯ чор соли пас аз сафари давлатии Шавкат Мирзиёевро ба риштаи таҳлил кашида, мегӯяд, ки гардиши мол миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар давраи солҳои 2017-2020 ба 502 миллион доллар расид. Дар ҳамин ҳол, содирот ба Тоҷикистон ба 405 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Маҳсулоти асосии содиротии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон инҳоянд: хизматрасонии нақлиётӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти нафту газ, нуриҳои минералӣ, молҳо барои шахсони воқеӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, металлҳои сиёҳ, пластмасса ва маҳсулоти онҳо, маҳсулоти электротехникӣ ва ғайра.

Воридоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон аз молҳои зерин иборат аст: маъдан ва консентратҳо, масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, неруи барқ, металлҳои сиёҳ, металлҳои ранга, хизматрасонӣ.

Гуфта мешавад, ки Тоҷикистон яке аз 10 шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Ӯзбекистон аст. Ҳоло беш аз 200 корхонаи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон намояндагии худро доранд. Корхонаи муштараки Ӯзбекистону Тоҷикистон — ҶДММ «Артел Авесто Электроникс» аз ҷумлаи онҳост. Фаъолияти асосии он истеҳсоли асбобҳои рӯзгор ва фурӯши минбаъдаи онҳо дар бозори Тоҷикистон мебошад.

Инак, пас аз чанд рӯз Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон меояд ва интизор хоҳем шуд, ки дар муносибатҳои ду давлат чӣ таҳаввулот ба миён меоянд. Шояд дар ин сафар бунёди ду неругоҳ дар дарёи Зарафшон ҳалли худро меёбад?

Усмон РАҲИМЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *