Шарм. Ҷомеаи мо ба он ниёз дорад?

То имрўз атрофи зарурати шарм барои инсон гуфтугузор бисёр аст.

Туро намедонам, рафиқ Хоҷаев, вале ман ҷонибдори ашаддии мавҷудияти шарм ҳастам. Бале, он бояд ҳатман зоҳир шуда истад, вагарна, ҳар балоҳое аз таги по хезад, ки оқибаташ вовайлову пушти даст ба дандон газидан бошад.

Дур намеравам. Як воқеаро ёдовар мешавам, ки чанде қабл рух дода ва хотири чанд нафарро озурда карда буд. Шоҳиди хархашаи ду нафар духтар шудам, ки ҳангоми дарафтодан ба ҳамдигар кафк аз даҳонашон мепарид ва бо лафзе дашном мекарданд, ки мегуфтӣ замин кафаду дароӣ, то он ҳама бесаранҷомиро набинӣ. Ахиран, зане, ки он ҷо ҳузур дошт ва шиноси духтарҳо буданаш маълум шуда меистод, бо сароҳату кароҳат ба онҳо хитоб кард: «Духтарҳо, боз ҷанҷол карда истодаед!? Ақаллан аз Исмат шарм доред!». Фикр мекунам, Исмат нафаре буд, ки ў ҳам духтарҳоро мешинохт ва аз ҳақоратгўии онҳо ҳоло сарафганда меистод. Аммо, ҳайҳот, чӣ ҷавобе… «Мо «голый разбор» накарда истодаем-ку! Барои чӣ шарм дорем?»,- аланга гирифт оташи ғазаби яке аз духтарҳо.

Воқеан, дар ин лаҳзаҳо кас ба ҳайрат меафтод ва намедонист чӣ хулоса барорад. Чаро? Чун онҳо воқеан бараҳна набуданд. Ва агар фикр кунӣ, ки танзомез «суҳбати урён», яъне бепардаро дар назар доранд, ин тавр ҳам набуд. Зеро, дар ноогоҳона сухан гуфтанашон ягон зарра «пардапўшӣ» ва эҳсоси шарм мушоҳида намешуд.

Ана ҳамин хел, ҷаноби Хоҷаев! Табиати ағлаби инсонҳо чунин будааст, ки вақте шарм лозим аст, ҳатто баногўшашон сурх намешавад, аммо вақте лозим нест, лолагун мегарданд.

Замоне дар шуъбаи ахбор ва эълони рўзномаи «Ҷумҳурият» назди устодон Зоиршоҳ Шарифзода ва Убайдуллои Мурод таҷрибаомўзӣ доштам. Таҷрибаомўзиам бевосита таҳти назорати Убайдуллои Мурод мегузашт. Ҳарчанд гоҳ-гоҳ хабар менавиштам, ин бор супориш шуд, то дар бораи партовгоҳҳои пойтахт мақолаи таҳлилӣ нависам. Навиштам. Матлабро ба роҳбарам пешниҳод кардам. Хонд, таҳрир кард ва барои аз нав коркард намудан баргардонд. Матн сурху сиёҳу кабуд, алоча шуда буд. Ислоҳ гузаронидаву дигарбора супоридам. Боз ва боз, иштибоҳ нашавад, 6-7 маротиба матнро аз нав кардам. Ниҳоят, рўзе пайки хуш расид, ки «мақолаат чоп шуд». Шумораро гирифтаму «мақола»-амро хондам. Қариб ки чизе наёфтам аз навиштаҳои худ. Сарфи назар аз ин, хурсанд шудам. Аммо ҳоло ба он мақола синча мекунаму шарм медорам, ки натавонистаам ақаллан назари як ниҳоди масъулеро дар робита ба мавзўи пешгузошта дарёб намоям. Зеро, он вақт шарм медоштам ва барои гирифтани шарҳ ба ягон идораи дахлдор сар нахалонда будам. Ин воқеан хатои ман аст, ки иқрорам.

Вале, медонӣ, Хоҷаев, орзуи тарки шармгинӣ кардан боре ба сари ман об рехт. Вақте донишҷў будем, як ҳамсабақамро «мурданивор» дўст медоштам. Чун аз наздам мегузашт, забонам лол мемонд, карахт мешудам. Дигар «ошиқон», ҳеҷ набошад, тавассути «нақшу нигор» дар деворҳои бинои донишгоҳ ба «маҳбуба»-ашон изҳори муҳаббат мекарданд. Вале ман ҷуръати ҳаминро ҳам надоштам, шарм мекардам.

Рўзе устод Ҳафиз Раҳмонӣ, ки аз фанни адабиёти хориҷӣ дарс медод, урфу одати тоҷиконро бо мардуми аврупоӣ муқоиса кард. Ў «ошиқӣ»-и мардуми Аврупоро мисол оварда, гуфт, ки вақте инсон дўст медорад, набояд онро пинҳон доштаву худро обу адо карда гардад. Бояд ҳатману саривақтӣ изҳори муҳаббат кунад!

Ин андеша майнаи маро то чанд муддат машғул дошт. Баъд, рўзе аз рўзҳо ба хулоса омадам, ки тамоми дарди даруниамро болои порчаи коғаз резам. Навиштам номаи ошиқонаро, бори дигар атрофаш мулоҳиза кардам ва қат-қат печонидаву ба ҷайб андохтам…

Аз дари утоқи таълимӣ ворид мешавам ва мебинам, ки устод Бахтиёр Қутбиддинов аллакай ба лексияхонӣ оғоз кардааст. Ба тақдири ман, ҳама курсиҳо банд. Танҳо як ҷой дар шафати «дўстдоштаам» холист. Аз устод иҷозати нишастан пурсида, он ҷойи холиро аз худ мекунам.

Ҳама овораи навишторанд. Ман ҳам. Вале ҳамин вақт нома ба ёдам мерасад. Онро оҳиста аз ҷайб берун меорам ва оҳиста ба кисаи костюми «дўстдоштаам» сарозер месозам.

Ростӣ, дигар забонам пеш намеравад давоми воқеаро қисса кунам. Агар он вақт ту ҳам онҷо мебудӣ ва ҳолати ҳузновари маро медидӣ, шояд ашк гулўгират мекард. Ғайри интизор, «маҳбубаам» даст ба ҷайб бурд ва номаро берун овард. Баъд бо садои равшану ҷарангосӣ нидо кард: «Муаллим, Фазлиддин ба ман нома навиштааст». Як лаҳза ҳама хомўш, ҳайратзада ба самти мо менигаристанд.

Дар баданам мурғак давид. Сарам қариб буд ба таги миз даромада равад. Аз қатори қафо овози масхараомези бачаи шўхи курсамон Музаффар ба гўш расид, ки мегуфт: «Ииии, аз гўшҳои Фазлиддин дуд баромад». Аз пештара дида, бештар шарм пахшам кард. Вале «балои ногаҳонӣ» ҳанўз нарасида будааст. «Ку, хез, хон»,- хира ба гўшам расид овози муаллим. «Дўстдоштаам» ҳам бе исту бест аз ҷой хест ва ба хондани нома шуруъ кард. Дигар сарфаҳм нарафтам, ки чӣ гап шуд…

Баъди ин воқеа чанд вақт ба худ наомадам. Бо «маҳбубаам» чанд бор қаҳриву оштӣ шудем. Акнун аз шарм надоштанам шарм медоштам. Фикр мекардам, ки агар он замон, пеш аз навиштани нома ҳам шарм медоштам, қазия то ин дараҷа намерасид.

Хуллас, хулосаам ин шуд, ки шарм хоси инсон аст ва набояд аз назари эътибор дур афтад. Охир, бубинед, агар харгўш уллос кашад, гург ҳангос занад, хар «мияв-мияв» гўяд, гурба қақра занад, кабк шиҳа кашад, асп «қвақ-қвақ» кунад, қурбоққа «ав-ав» гўяд, хандахаришу ҳайратовар нест? Ҳаст. Пас, шарм ба ягон махлуқ намечаспад, ба ҷуз инсон.

Аммо, дўстам Хоҷаев, ман аз хурдӣ чунин таълим гирифтаам, ки беасос касеро шарм надоронам. Бахусус камбағалеро барои нодориаш. Шарм дорондани як нафар, бе он ки айбе аз ў содир шудааст, нишони номардист. Ман ба ин гуфта, ки «нодориву камбағалӣ айб нест», сад дар сад розиам.

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *