Шаробу испанд коронавирусро нобуд намесозанд!

Назари духтури вирусшиноси эронитабори амрикоӣ ҷаноби Ораши Алоӣ бобати хатари коронавирус, пешгирӣ ва табобати он.

Коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад?

Тавре ба мо маълум аст, коронавирус тавассути роҳҳои нафас бо тарашуҳот аз шахси сироятёфта паҳн гашта, аз як нафар ба нафари дигар мегузарад. Азбаски вирус хеле зуд паҳн мешавад, мо бояд роҳҳои паҳншавии онро дар ҷомеа ва ҷойҳои серодам роҳандозӣ намоем. Танҳо бо риоя намудани гигиенаи шахсӣ метавонем аз он эмин монем. Имрӯз шустани дастон яке аз амалҳои зарурӣ ва тақдирсоз ба шумор меравад. Ҳангоми атсаву сулфа задан ҳатман аз дастмолҳои яккарата истифода бурда, онро баъдан ба бастаҳои махсус андохта, партофтан лозим аст. Аз салом кардан бо даст худдорӣ намуда, аз сачоқҳои истифодаи умумӣ истифода бурдан манъ аст.

Коронавирус ба киҳо хатар дорад?

Танҳо 1 то 2 фоизи гирифтори коронавирус хатари фавт доранд. Мутаассифона, ин бемориест, ки қобилияти кушандагӣ дорад, вале тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, нафарони аз коронавирус фавтида нафарони аз 60-сола боло ё нафарони мубталои бемориҳои музмин, аз қабили бемориҳои дил ва бемориҳои геппатит будаанд. Сабаби сар задани падидаи мазкур дар паст будани иммунитети ин тоифаи мардум аст. Дар нафарони синни миёна ва кӯдакон шиддати беморӣ ва фавт камтар ба қайд гирифта шудааст.

Коронавирус чанд дақиқа дар ҳавои тоза зинда мемонад?

Вақте мо нафас мекашем, тарашуҳоти даҳониямон берун мешавад. Оби бинӣ ва оби даҳон метавонад олудакунанда бошад. Дар маҷаллаи Lonsed дар охирин гузориши нашрнамудаашон гуфта мешавад, ки вируси корона дар ҳаво қариби 3 то 4 соат меистад. Ин қатраҳо дар рӯйи даст, дар рӯйи асъор, дар рӯйи сатҳ метавонад то 1-2 рӯз фаъол бимонад. Яъне, барои он ки вирус дар берун ба шумо асар накунад, дастонро мураттаб шустан лозим аст. Рафту шумо сулфа заданӣ шавед ё оби биниятон ҷорӣ шавад, ҳатман аз дастмолҳои яккарата истифода бурдан лозим аст. Дар либос бошад, коронавирус метавонад аз 12 то 16 соат боқӣ монад. Вируси мазкур ҳатто метавонад тавассути чашм низ сироят намояд.

Коронавирус дар хона табобат мешавад?

85 фоизи беморон метавонанд дар хона аз коронавирус шифои комил ёбанд. Пайваста шустани даст, кушодани тирезаҳо, пӯшидани ниқоби муҳофизатӣ метавонад шахси беморро ба по хезонад. 10 фоизи беморон, ки аломатҳои бештари бемориро аз қабили сулфа, сулфаи хушки бе балғам, ҳарорати баланди бадан, нафаскашии кӯтоҳ ва тез-тез дошта бошанд, маънои онро надорад, ки ҳатман гирифтори коронавирус шудаанд. Нафароне, ки чунин аломатҳоро пайдо мекунанд, ҳамчун гумонбар дониста мешаванд ва бояд дар як утоқи алоҳида карантин кунонида шуда, ҳатман ниқоб пӯшанд ва бо ин нафар наздиконаш бояд робитаи камтар намоянду 2 ҳафта интизор шаванд. Дар сурате ки нафаскашии бемор тезтар ва ҳарорати бадан баландтар шуд, дар ин сурат ҳатман ба табиб муроҷиат кардан лозим аст. Танҳо 5 фоизи беморон барои бистарӣ шудан дар беморхона ниёз доранд.  Яъне, 95 фисади беморон метавонанд бо риоя намудани чораҳои бехатарӣ худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ наҷот бахшанд.

Оё ҳавои гарм вирусро нобуд сохта метавонад?

Айни замон ташхису корҳои лабораторӣ нишон додаанд, ки дар ҳарорати баланд вирус нобуд мешавад, вале исботи онро дар амал татбиқ накардаанд. Яъне, барои собит намудани ин фарзия моро лозим меояд, ки то фаро расидани фасли тобистон интизор шавем. Айни замон олимон мунтазиранд, ки исботи онро дар олами воқеият бубинанд. Масалан, кишвари Арабистон ва Итолиё кишварҳои гарму хушк маҳсуб меёбанд, ки дар он ҷо хурӯҷи зиёди беморӣ ба қайд гирифта шудааст. Муҳимтарин кор ҳамин аст, ки новобаста аз вазъи ҳаво мардум ба тозагии шахсӣ диққат дода, чораҳои бехатариро риоя намоянд.

Агар иммунитет баланд бошад, ба духтур рафтан шарт нест?

Мардум намедонад, ки иммунитети кӣ паст асту аз кӣ мустаҳкам аст. Ҳар нафаре, ки сулфа дорад, ҳарорати баданаш баланд аст ва агар дар нафасгирияш каме душворӣ эҳсос намояд, шарт нест, ки зуд ба беморхона равад. Дар хона истода, аз робита бо дигарон худдорӣ намуда, бубинад, ки дар оянда ҳолаташ чӣ гуна мешавад. Агар теъдоди нафаскашияш дар як рӯз хеле зиёд шуд ё ҳарорати баданаш хеле зиёд шуд, бояд ба беморхона равад.

Кадом ғизоҳо раванди шифоёбиро вусъат мебахшанд?

Шахси бемор метавонад реҷаи муқаррарии хӯрокхӯрии худро идома диҳад, яъне реҷаи махсуси ғизохӯрӣ барои ин беморӣ нест. Имрӯз дар аксари вебсайтҳо, ки илмӣ нестанд,  барои табобат ё пешгирӣ намудани коронавирус ин ё он ғизоро тарғиб менамоянд, ки аз ҷиҳати илмӣ ягон асос надоранд. Ҳеҷ кадоме аз хӯрокаҳо боиси пешгирӣ ё табобати беморӣ таъсир расонида наметавонанд. Ҳатто дорувориҳои табобатиро низ барои нафароне тавсия медиҳанд, ки дар беморхона дучори душворшавии нафаскашӣ шудаанд. Дар 85 фисади ҳолатҳо худи масунияти бадан онро аз бадан хориҷ менамояд. Ҳар хӯроке, ки дилатон мекашад, истеъмол намуда, бештар об нӯшед. Ҳамзамон истеъмоли мева ба масунияти бадан таъсири мусбӣ мерасонад.

Шароб ва испанд марги коронавирус ҳастанд?

Мувофиқи гузоришҳое, ки аз Эрон омада буд, ҳудуди 50 нафар бо сабаби истеъмол намудани машрубот фавтиданд. Ақидаи он ки шароб вируси мазкурро аз байн мебарад, комилан иштибоҳ аст. Сабаб дар он аст, ки вируси корона дар узвҳои нафас қарор мегирад ва ягон машрубот ба он асар карда наметавонад. Шароб қобилияти аз байн бурдани вирусро надорад. Алкоголи таркиби шароб 14 фоиз,  аз пиво ё оби ҷав 5 фоиз аст ва арақи Шоҳона то 45-55 дараҷа машрубот дорад, Ҳеҷ кадоме аз ин нӯшокиҳо наметавонанд вирусро аз байн бубаранд. Истеъмоли машруботи зиёд боиси паст шудани масунияти бадан мегардад ва нафарони шаробнӯш бештар дар маркази хатар қарор мегиранд. Испанд ва дигар намуди гиёҳҳои дудкунанда низ ҳеҷ гуна таҳқиқи илмии барои аз байн бурдани вируси коронаро надоранд. Мардум бояд ба маълумот ва гузоришҳое, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ меоянд, бештар эътимод дошта бошанд.  Аз маҷаллот ва рӯзномаҳое, ки мавриди қабули Вазорати тандурустӣ ҳастанд, маълумот ба даст оваред. Беҳтарин амале, ки барои саломатии инсон аҳамияти хоса дорад, кушодани тирезаҳо ва тоза нигоҳ доштани ҳавои хонаву утоқҳо аст.

Нафароне, ки дар хона сагу гурба доранд, чӣ кор бояд кунанд?

Бобати он ки ягон ҳайвоноти хонагӣ боиси интиқол ё паҳншавии вируси корона шуда бошад, то ба имрӯз ягон гузорише ба даст наомадааст. Тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ  ва Тавсияи идораи контроли бемориҳои Амрико ҳамин аст, ки дар хона нигоҳ доштани ҳайвони хонагӣ мушкиле надорад, вале агар шумо бемор шуда бошед, худро муҳофизат кунед, ҳам аз беморон, ҳам аз ҳайвонот ва ҳам аз дигарон.

Таҳияи

Н.РАҶАБОВА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *