Шароф Рашидов ба ҳамсари Мирзо Турсунзода чӣ гуфт

Турсунзода ва Рашидов

ДАР БОРАИ ДӮСТИИ ДУ ШАХСИЯТ ВА ДУ ХАЛҚ

Мақолае, ки дар бораи дӯстии Шароф Рашидов ва Мирзо Турсунзода сухан меравад, аз ин 43 сол пеш навишта шуда буд. Он вақт дар рӯзномаи «Совет Тожикистони» мухбири калон шуда кор мекардам. Мақола ба муҳаррирамон, адиби шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Содиқ маъқул шуд. Вале, ба андеша рафтанд, зеро дар давраи шӯравӣ дар бораи ҳаёти шахсии арбобҳои давлатию сиёсӣ иҷозат барои маводи ғайрирасмӣ, ҳаёти оилавии онҳоро ба қалам кашидан иҷозат набуд. Имрӯз, ки дар муносибатҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон уфуқҳои нав кушода шуда, анъанаҳои пештара – рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор шуда истодааст, аз бойгониям мақолаи чопнашударо ёфта, бо иловаҳои нав ба хонандагон пешниҳод карданро лозим донистам.

Муаллиф

–Решаҳои  дӯстии халқҳои  тоҷику ӯзбек ба қаъри асрҳо рафта мерасад.         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баёни дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҷашни  600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ чунин гуфтанд: «Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт».

Даме ки сухан дар хусуси дӯстии мардуми тоҷику ӯзбек меравад, бамаврид аст, ки аз рафоқати  арбоби шинохтаи ӯзбекистон, адиби забардасти  ӯзбек Шароф Рашидов ва Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода   ёдовар шавем.

Шароф Рашидов дар сарсухани  китоби Мирзо Турсунзода, ки бо номи «Оташ посбони» соли 1981 ба забони ӯзбекӣ чоп шудааст. навиштааст: «Ҳумои муқаддаси дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек  парвози баланд дорад ва намунаи эҷоди амиқи халқҳои бо якдигар наздик , азиз ва  мӯътабарро таҷассум мекунад.  Болу пари тиллоии мурғи бахт эҳсос намудан барои ҳар як шоир саодати бузург аст.  Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки шахсе ки ман ҳоло тавсиф мекунам, дӯсти азизам –Мирзо Турсунзода,  шоҳпари зебо ва ноёби  ана ҳамин мурғи бахт мебошад.

Калимаи «пар»  ду маъно дорад: маънои якумаш – қалам. Вақте ки дар бораи қалами нависанда сухан меравад, боварии комил дорам, ҳар сатре,  ки аз қалами  Мирзо Турсунзода  чакидааст,  дар  хазинаи фарҳанги халқамон ҷои намоёнро ишғол мекунад. Шеърияти дилрабои шоири бозаковат ва соҳибдил  аз сарҳади кишвараш гузашта, ба мамлакатҳои дуру наздик парвоз кард. Орому осуда ва бародарона зистани халқҳои сайёраро  чун гавҳараки чашм нигоҳ доштан болу пари пӯлодии эътиқоди шоир буд.

Шиносии мо аз соли 1949 оғоз ёфт. Он вақтҳо ҳар дуи мо ба ҳайати Иттифоқи  нависандагони ҷумҳуриямон раисӣ мекардем. Мирзо Турсунзода дар вохӯрии  нахустин ба ман таассуроти самимӣ ва амиқ ба миён овард. Арбоби боғайрат ва фаъол, доираи фикру мулоҳизаҳояш васеъ, санъаткори асил будани  ӯ аз нигоҳи тез ва  суханҳои буррою ширадораш  маълум мегашт. Ман дар бораи Мирзо Турсунзода пеш аз шинос шудан низ бисёр суханҳои хуб шунида, асарҳояшро бозавқ мутолиа  карда будам. Мисраъҳои пурҳаяҷон ва таъсирбахши  ӯ, ки  ба ҷанговарони тоҷик бахшида  буд,   онҳоро бар зидди фашистон  чӣ тавр рӯҳбаланд месохт, дар ёд дорам. Шеърҳои пурмазмун ва нафиси шоир, ки ҳарорати граждани баръало ҳис карда мешуд,  дар дил ҳиссиёти ватандӯстиро ба ҷунбиш меовард, фикрҳои пурмағзи  шоир  шахсро дар ҳайрат мегузошт. Баъди  ба шоир шахсан вохӯрдан  ҳамаи навиштаҳои ӯро аз нав  мутолиа кардам. Бисёр шеърҳояш  бомаҳорат , ҳиссиёти  баданд иншо гашта буданд.

Соли 1957 дар Тошканд  барои даъват намудани Конференсияи якуми  нависандагони  Осиё ва Африқо  кумитаи ташкилӣ таъсис ёфт, ки камина раис, Мирзо Турсунзода узви фаъоли ин Кумита буд.  Алоқаи эҷодӣ ва муносибатҳои шахсии Мирзо Турсунзода бо нависандагони тараққипарвари Осиё ва Африқо кори моро аз ҳар ҷиҳат осон гардонд. Зеро  Мирзо Турсунзода аллакай бо асарҳои «Ман аз Шарқи озод», «Садои Осиё» ва достони «Ҳасани аробакаш» дар Шарқ маълум ва машҳур буд.  Мирзо Турсунзода бо ин асарҳои худ дар  чашми хонанда  фақат шоири моҳири лирик не,  балки публисисти оташин ва муборизи сулҳ ва адолат низ намоён гашта буд.

Дар сафари якҷояи ба мамлакатҳои Осиё ва Африқо ошиқони шеър чӣ тавр Мирзо Турсунзодаро бомеҳру муҳаббати бузург ва беҳамто пешвоз гирифта, ба оғӯш кашиданашонро дида, аз дӯсти азизам  фахр мекардам. Ба ӯ гул ва табассум ҳадя намуда, бо хушнудӣ, аз самимӣ қалб чаппак мезаданд, оламро фаромӯш карда, бо ҷону дил суханрониашро гӯш мекарданд.Офаридаи шоир образи Ҳасани  аробакаш барои ҳазорон  нафар ба ҳақиқати реалӣ, ки инкор карда намешуд, табдил ёфта буд. Дар шахсияти ин писари тоҷик, ки халқаш дар давоми асрҳои зиёд  азобу машаққат кашида, ба роҳи ҳақиқат, адолат ва саодат ҷонбозиҳо нишон додааст, амиқ ифодаи  худро ёфтааст.Охир худи Мирзо Турсунзода низ  солҳои кӯдакӣ  меҳнати сахти ҷисмонӣ ва рӯзҳои мудҳиши муҳтоҷиро аз сар гузаронида буд. Ба Мирзо Турсунзода–писари дуредгори одӣ, роҳи баланди маърифат  ва фарҳангро гузаштан насиб гардид ва фарзанди фарзонаи  миллати тоҷик гашт.

Мирзо Турсунзода ба маънои том шоири ҳақиқии ватандӯст  буд. Устод дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф мезад. Аз муваффақиятҳои кишвараш бо меҳру муҳаббат сухан мегуфт, бо  ҳиссиёти баланд  тараннум мекард. Овози таъсирнок ва даъватҳои ӯ дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон шунида мешуд, зеро қалби шоир аз  меҳру муҳаббати одамони  одӣ, ки ба ӯ дошт, моломол буд. Фикру зикр, ташвишу тараддуд ва азобу машаққатҳои меҳнаткашони Ҳиндустон ва Покистон, Эрон ва Миср, Ветнам ва Корея  ба шоир оромӣ намедод, дар ин бора андеша мекард. Шеърҳои силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» аз ин гувоҳӣ медиҳад.Фикру мулоҳизаҳои шоир дар бораи тақдири  мардуми одии  ҳинд, афғон, араб, эронӣ ҳеҷ касро бепарво намегузошт. Аз ин  сабаб иштироки Мирзо Турсунзода дар Кумитаи ташкилии таърихии форуми нависандагон, ки моҳи октябри соли 1958 дар Тошканд гузашта буд, муваффақияти онро  таъмин намуд.Дар конференсия бисёр адибони Шарқ ҳозир буданд.  Фаъолияти беандоза ва обрӯю эътибори калони Мирзо Турсунзода дар байни адибони Шарқ ва Африқо ҳамфикриро ба вуҷуд овард ва нависандагони ду қитъаи бузургро муттаҳид намуд. Ӯ дар давоми 20 сол раиси  Шӯрои Кумитаи якдилии халқҳои  Осиё ва Африқо  буд. Каломи илҳомбахшу ҷозибадори ӯ дар Деҳлӣ, Қоҳира, Ал-ҷазоир, Стокголм, Конакри, Гавана, Бейрут садо медод.

Сафарам ба Кубаро, ки бо Мирзо Турсунзода доштам, аз хотир асло намебарояд. Дар он ҷо Конфронси  якуми якдилии халқҳои  Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ  мегузашт. Ба Гавана дар арафаи соли нави 1966 дохил шудем. Аз меҳмонхона ҷой гирифта, ба тамошои шаҳр баромадем. Роҳ ва хиёбонҳои шаҳр , ки  бо шиору плакатҳо, байрақҳои  ҳархела ва транспарантҳо  оро дода шуда буд, гӯё либоси идона дошт. Аз чор тараф садоҳои  сурудхонӣ  ба гӯш мерасид. Дӯсти тоҷикам Мирзо Турсунзода ба рӯҳияи халқи баҳодур ва меҳмондӯст Куба, ки ҳафтсолагии  инқилобро ид мекард,  нигоҳ намуда, аз шодӣ сараш ба осмон мерасид, чеҳрааш гул-гул мешукуфт.

Мирзо Турсунзода дар бораи дидаю шунидагиаш бо рӯҳи баланд нақл мекард, ҳар замон ба даст қалам гирифта, дар дафтарчааш тез-тез сатрҳои нав менавишт. Дар қалби ҳассоси  шоир шеър бунёд мешуд.  Рӯзи 3 январ конференсия кушода шуд. Барои иштирок кардан ба конференсия аз 82 мамлакати Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ 512 нафар вакил иштирок доштанд. Кори конференсия дар шароити басо вазнин ва мураккаб давом мекард. Душманони сулҳу пешрафт дар байни вакилон низо меандохт, ба якдилии онҳо рахна месохтанд.Аз  минбарҳои конференсия, ҳуҷраҳо ва кӯчаҳо овозаҳои ғаразнок шунида мешуд. Онҳо  «муттаҳид намудани халқҳои  се қитъа бефоида» –гӯён иғво паҳн мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки  ин ҷумъомад баргузор нагардад, дар байни вакилон парокандагӣ рӯй диҳад.Муборизи оташин будани Мирзо Турсунзода ба ин хел иғвоҳо зарбаи сахт зад, ки то ҳозир аз пеши чашмам  дур нарафтааст.   Дар рӯи замин бори аввал  якдилии халқҳои Осиёю Африқо ва Америкаи Лотинӣ ба вуҷуд омад, ки дар ин бора хизмати шоистаи дӯсти азизам Мирзо Турсунзода беназир аст.

Аз рӯзҳои  аввали дӯстӣ ҳаёти моро решаҳои ҳамкориҳои эҷодӣ ва муносибатҳои инсонӣ фаро гирифта буд. Ин решаҳо аз шира-шарбати кишвари азизамон  баҳра мегирифт, ин решаҳо аз шарофати  дӯстии  файзбор ва  баракаи халқамон рӯз аз рӯз мустаҳкамтар мегашт.Дар мамлакатамон гузаронидани  ҳафтаю декадаҳои адабиёт ва санъат, алоқаҳои доимии фарҳанг , аз неъматҳои маънавӣ баҳраманд шудан дар байни халқамон ба анъанаи бузург табдил ёфта буд. Рӯзҳои адабиёт ва санъати тоҷик дар ӯзбекистонро, ки соли 1968 баргузор гашта буд, то ҳозир ёд дорам. Вохӯриҳо, муҳокимаҳои эҷодӣ, суҳбатҳо танҳо дар вазъияти расмӣ не, балки дар атрофи дастурхон, дар Душанбе дар хонадони Мирзо Турсунзода, дар Тошканд дар хонаи камина баргузор гашта буд. Вохӯриҳое, ки бо Мирзо Турсунзода мешуд, фаромӯшнашаванда буда, ҳам дар қалби ман, ҳам  дар хотираи ман муҳри абадӣ нақш бастааст. Ӯ Мирзои танҳо тоҷикон не, балки Мирзои мо–ӯзбекон  низ ҳаст. Дӯстам хислати аҷиб дошт, бағоят хоксор ва одӣ, оқилу доно   буд,  суҳбаташ завқ мебахшид. Дониши ғанӣ дошт. Вазифа ва масъулияти худро ба дараҷаи олӣ ҳис мекард. Ҳар як суханашро, ҳар як сатрашро бо ҳаёти одамони одӣ, бо манфиати онҳо андозаву қиёс  мекард».

Аз ҳикоятҳои  ҳамсари Мирзо Турсунзода апаи Сабоҳат:

Вақте ки  Шароф Рашидов ба хонаи мо қадам мемонд, мегуфт: «Аз оши ширини  тоҷикона тайёркардаи Сабоҳатбону нахӯрам намешавад». Акои Шароф  мисли як меҳмони азизи хонадони мо – шоири барчастаи ӯзбек Ғафур Ғулом забони тоҷикиро нағз медонист.  Аз ҷумлаи  меҳмонҳои олиқадре, ки дар рӯзҳои ҷашни ҳазорсолагии  Асосгузори адабиёти тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Тоҷикистон омада буданд, Шароф Рашидов ба хонаи мо меҳмон шуда буданд.

– Дилатро васеъ гир, Сабоҳат,–гуфта буд Мирзо Турсунзода, ба танг будани хона ишора намуда,– хонаи тоҷик бо меҳмон ободу  бо меҳмон равшан аст.

– Дӯстонатон ин қадар бисёр, онҳоро чӣ тавр ёфтаед?–пурсидам ман.

Турсунзода тибқи одати худ нимтабассум карда гуфтанд:

– Ба дунё омада,  молу дунё не, дӯст ҷамъ намудам . Дӯстон болу пари ман. Бе болу пар парвоз кардан мушкил аст. Дӯстро, меҳмонро бо чеҳраи кушод пешвоз гирифтан мероси азалии бобоёнамон, одати хуби тоҷикон аст.

Баъд ғазалеро, ки ба наздикӣ навишта буданд бо овози ширадори худ қироат намуданд:

 То тавонӣ дӯстонро гум макун,

Дӯстони меҳрубонро гум макун.

Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,

Мушкилосонкункасонро гум макун.

 Вақте ки дар Тошканд, ба хонаи Шароф Рашидов меҳмон шудем, достони овозадори Мирзо Турсунзода «Ҷони ширин» аз чоп баромада, ба мукофоти давлатии Рӯдакӣ сазовор гашта буд. Шароф Рашидов ба ман ишора карда, шӯхиомез  гуфт:

–Зане ки дар достони «Ҷони ширин» акс ёфтааст, ҳамин тавр тасаввур мекардам. Мукофоти Рӯдакиро  давлат не, Сабоҳат гирифта додааст, гӯям хато намекунам.

Турсунзода ҷавобан гуфт:

– Ман достони «Ҷони ширин»-ро барои  Сабоҳат, Сабоҳат хонад гуфта навишта будам. Бинед, ки ин достонро тамоми ҷумҳурӣ ёд гирифта истодааст…

 Аз ёддоштҳои собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Совет Тожикистони»        ( «Халқ овози-»и ҳозира ) Мухтор Баҳриддинов:  Соли 1982. Ба сарам  фикре омад, ки   ба Шароф Рашидов хат навишта хоҳиш кунам, ки ба рӯзномаи  мо  дар бораи дӯстии  тоҷику ӯзбек  мақола нависанд. Ин фикрамро ба котиби Комитети Марказӣ Г. Бобосодиқова гуфтам.

– Шумо медонед Шароф Рашидов?- пурсид Г. Бобосодиқова.

– Медонам. Номзад ба узви Бюрои сиёсии Комитети Марказии КПСС, Котиби якуми ҳизби коммунистии Комитети Марказии Ӯзбекистон.

Магар чунин шахс вақт дорад, ки барои шумо мақола?

Менависад,–гуфтам ман.

– Бовар мекунед?

– Шароф Рашидов аслан журналист. Дар Самарқанд дар рӯзномаи вилоятӣ, баъдтар дар рӯзномаи «Совет ӯзбекистони» муҳаррир шуда кор кардагӣ. Журналистонро дӯст медоранд…

Дере нагузашта аз Шароф Рашидов бо дастхати худаш  мактуб гирифтем.

Мақолаи Шароф Рашидов дар рӯзномаҳои  ҳукуматӣ, аз он ҷумла дар рӯзномаи  «Тоҷикистони советӣ» чоп шуд, ки дар бораи дӯстии  халқҳои тоҷику ӯзбек сухан мерафт. Ҳоло аз ин мақолаи Ш. Рашидов   иқтибос оварда,  ба навиштаам  нуқта мегузорам:

«Даме, ки ин сатрҳоро менависам, дар бораи бародарию дӯстии қадимаи халқҳои тоҷику ӯзбек фикр мекунам. Халқҳои мо чун бародарон аз бисёр ҷиҳат ба ҳам монанданд, орзую омолашон як аст. Аз замонҳои қадим онҳо дар як кишвар  умр ба сар мебаранд, аз файзи офтоби як саҳар баҳраваранд. Заминҳояшон аз як дарё об мехӯранд, худ чун дӯстони қадрдон зиндагӣ мекунанд.

Дар хонаи ӯзбекон аз қадимулайём сурудҳои тоҷикӣ  ва тӯю сури тоҷикон  оҳангҳои ӯзбекӣ танинандоз мешавад. Ин ҳама меваҳои гуворои дӯстию бародарии чиндинасраи ҳар ду халқ аст.

Дӯстии бародаронаи халқҳоямон  дар падидаҳои килки гуҳаррези Садриддин Айнӣ ва Ҳамид Олимҷон, Ғафур Ғулом ва Мирзо Турсунзода васф ва суруда шудаанд. Рӯзҳои адабиёт ва санъат, ки порсол дар Тоҷикистон  ва ӯзбекистон баргузор гардиданд, дар хотирамон нақш бастааст. Онҳо ба иди умумхалқӣ табдил ёфтанд. Он мулоқоту суҳбатҳои фаромӯшношуданӣ дилҳои моро ба тараб оварданд…»

«Тоҷикистони советӣ», 8 августи соли 1982.

Сулаймон Эрматов,

узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *