Шарофиддин Гадоев: Ман роҳи муборизаамро дигар кардам!
Асрори бозгашт ба Ватан дар суҳбати муовини раиси Паймони миллии Тоҷикистон
Чун хабар ёфтам, ки муовини собиқи Муҳиддин Кабирӣ дар Паймони миллии Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев ба шарофати баргаштанаш дар ҳавлии падар, дар маркази ноҳияи Фархор оши худоӣ медиҳад, қарор додам, ки он ҷо биравам. “Элак баҳона дидор ғанимат”- гуфтагӣ барин, ба ин баҳона Шарофиддин Гадоевро бинаму ҳам бо ӯ суҳбате ороям.
Дар ҳавлии калону барҳаво ҳамаи меҳмононро модари Шарофиддин Гадоев, ки шашу ним сол писарашро надидаву шояд дар ин солҳо таъми шодиро начашида буд, ҷонҳавл пешвоз мегирифт ва аз хурсандӣ онҳоро ҷойи шинондан намеёфт. Равуои пайвандон, хешу табор, ҳақу ҳамсоя ва ёру ошнои ин хонадон низ, ки худро шодишарики ин оила медонистанд, кам намегардид. Баргаштани Шарофиддин гӯё ҷашни модар буд, ки ҳамагон наздаш мерафтанду табрик мекарданд ва дасташро мебӯсиданд. Аз ҳар тараф садои меҳмонон баланд мешуд, ки мегуфтанд:
-Муборак шава, холаи Оишамоҳ…
-Гуфта будум, ки поёни шаби сияҳ сафедай асту як рӯз писари раҳдури шумо ҳам меояд…
-Ай дугонае, гиря наку… ҳамаш созай, бачат омад…
-Бмон бгиря… ин ашки шодиҳай…
Холаи Оишамоҳ ҳам ба меҳмонон ҷавоб медод:
-Ай да хоки потон бумбрум, раҳмат. Ҳазор раҳмат.
-Ай да қадамотон ҷунум, биёен…
-Хона дроен… Ҳолиям бовар намекунум, ай шоди давлениям (фишорам) баландай… ҳозир дору хурдам…
Ин зани фариштасимо ба меҳмонон чунон меҳрубон буд, ки ҳатто намепурсид, ки кистиву аз куҷоӣ. Маро ҳам дар қатори пайвандон қабул карда, ба хонае, ки хешутабор ҷамъ шудаанд, дароварданд. Сари як пиёла чой мӯйсафедони нуронии авлод васфи падари Шарофиддинро, ки чанде пеш аз дунё гузаштааст, мекарданд ва ба Шарофиддин аз тӯю азои 6 соли охир мегуфтанд.
Мӯйсафеди нуроние риши сафедашро ламс карда, ҳар гоҳ мегуфт: “Офарин, мардӣ кардӣ, Шарофиддин! Хуб кардӣ, ки омадӣ. Сад бор хуб кардӣ”… Оҳиста-оҳиста суҳбати ману Шарофиддин ҳам қӯр мегирифт…
Зимни мусоҳиба бо Шарофиддин Гадоев дар н. Фархор
-Баъди шаш сол ба Ватан, ба хона, ба назди модар баргаштед. Шуморо чӣ гуна пешвоз гирифтанд? Чӣ ҳиссиёте шуморо фаро гирифт?
-Албатта, Ватан Ватан асту ҳавои хона дигар. Маро хеле хуб пешвоз гирифтанд. Рӯҳияи модарам ва хешутабор шоҳиди ин гуфтаи ман ҳастанд…
-Чор рӯз шуд, ки ин суолро хаёлам ҳама ба худ медиҳанд, ки чаро ва чӣ шуд, ки шумо баргаштед?
-Магар ман ҳаққи баргаштан ба Ватанро надорам? Ман омадам, ки дар Ватан барои худ роҳ кушоям ва фаъолиятамро дар Ватан идома диҳам. Музокираи мо барои баргаштан каме тӯлонӣ шуд, аммо вақте даъват карданд, омадам.
-Яъне, шумо бо даъват баргаштед?
-Бале. Аз соли 2018 ман бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар музокира будам ва билохира қарор додам, ки баргардам. Ман баробари омадан, ба шуъбаи милитсияи фурудгоҳ муроҷиат кардам ва имрӯз чӣ тавре мебинед, дар озодӣ қарор дорам. Дар ин албатта, саҳми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ, ки нахуст фикри маро тағйир доданд ва баъдан маро хуш пазируфтанд, зиёд аст.
-Пас аз солҳои тӯлонии мухолифат ва мубориза, тағйир додани ақида ва тасмими баргаштан ба Ватан барои шумо осон буд?
-Ман ақидаи худро тағйир надодаам, фақат самти муборизаамро дигар кардам. Омадам, ки дар Ватан фаъолияти худро идома диҳам.
-Ба сифати оппозитсионер?
-Бале. Умуман, ман фикр мекунам, ки мухолифин, рақобати сиёсӣ вуҷуд дошта бошад. Аммо бояд рақобат солим, неруҳои оппозитсионии ҳақиқӣ ва миллӣ бошанд.
-Оппозитсияи воқеӣ гуфта, чӣ қувваеро дар назар доред?
-Мухолифи воқеӣ ҳамонест, ки барои ободии давлат талош мекунад, аз камбудиву мушкилот ҳарф мезанад ва роҳи ҳалли инро ба Ҳукумат пешниҳод мекунад. Яъне, ҳамчун алтернатива дар паҳлӯи Ҳукумат қарор мегирад. На ин ки барои манофеи гурӯҳӣ ё шахсии як нафар ба масъалаҳо яктарафа нигоҳ мекунад. Аслан давлатҳои демократии амсоли Тоҷикистон, дар асоси мухолифат ва рақобат пеш мераванд. Мухолифат сабаб мешавад, ки сиёсатмадорон ҳушёр бошанд ва барои миллат хизмат кунанд. Аслан сиёсатмадор кист? Он ягон фаришта нест, балки менеҷере аст, ки барои хизмат ба халқ интихоб шудааст. Вақте дар баробари ин менеҷер алтернатива вуҷуд дорад, мардум ҳаққи интихоб пайдо мекунанд. Агар мардум қарор диҳанд, ки ҳукумати феълӣ ҳамчун менеҷер аз уҳдаи иҷрои вазифаи худ ва идораи давлат мебарояд, бояд дар паҳлуи ӯ муттаҳид шаванд. Ҳадафи ман ҳамин аст.
-Умуман, чӣ сабаб шуд, ки шумо – як тоҷир ба фаъолиятҳои сиёсӣ даст занед ва тарки кишвар кунед?
-Фазо ва вазъият моро аз кишвар берун кард ва имрӯз фазо ва вазъият имкон фароҳам овард, ки ба Ватан баргардам. Ман ба ташаббуси роҳбарияти кишвар барои гузоштани қадамҳои аввал барои музокира ва мусолиҳа бо мухолифин аҳсан мегӯям. Зеро ин амали дурандешона аст. Зеро вақте шахси сиёсӣ дар Ватан қарор дорад, воқеиятро мебинад, ӯ шаффофтар фаъолият мекунад.
-Аз ҳарфҳоятон бармеояд, ки шумо ҳанӯз ҳам чун як шахсияти сиёсӣ боқӣ монданӣ ҳастед? Аммо ба кадом роҳ мехоҳед мубориза баред?
— Албатта, бо роҳи сиёсӣ, дар доираи ҳизби расмӣ мехоҳам фикру мулоҳизаҳоямро мустақиман ба Ҳукумат пешниҳод кунам.
-Яъне, мехоҳед фаъолияти “Гурӯҳи 24”-ро идома диҳед?
-Не. Ман феълан аъзои “Гурӯҳи 24” нестам. Мо ин гурӯҳро таъсис додем, аммо ман аз узвияти он берун шуда, ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро таъсис додам, ки баъдан бо Ҳизби наҳзати ислом, ислоҳот ва рушд ва Анҷмуни озодандешони Тоҷикистон Паймони миллии Тоҷикистонро таъсис додем, ки муовини он будам.
-Бубинед, “Гурӯҳи 24” пас аз марги Умаралӣ Қувватов аз дохил тақсим шуд ва қувваташро аз даст дод, Додоҷони Атовулло, ки бо мухолифин созиш карда буд, ба зиддашон бархест, имрӯз шумо яке аз чеҳраҳои калидии Паймони миллии Тоҷикистон онро тарк кардед. Дар чунин вазъияте, ки мухолифин байни ҳам созиш карда наметавонанд, шумо аз лиҳози ақида, андеша тактикаи муборизаи сиёсӣ худатонро оппозитсияи муваффақ ҳисоб мекунед?
-Инро дигарон бояд баҳо диҳанд.
-Аммо ман фикр мекунам, ки бештари мухолифини мо на барои расидан ба ҳадафҳои муҳим, балки барои манофеи шахсӣ мубориза мебаранд. Бозии онҳо ва байни ҳам созиш карда натавонистанашон далели он аст, ки онҳо ҳатто барномаи мукаммалеро рӯйи даст надоранд…
-Шояд, инро бояд омӯхт.
-Дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ расман мамнуъ аст. Шумо, ки тӯли 6 моҳи охир бо ин ҳизб аҳду паймон доштед, нисбати онҳо чӣ назар доред?
-Ман мавқеамро нисбати Ҳизби наҳзати исломӣ дар изҳоротам гуфтам, шумо метавонед аз он истифода баред. Мавқеи ман ивазнашаванда аст.
АЗ ИЗҲОРОТИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ:
“Мову шумо дар оғози истиқлоли кишвар шоҳиди фоҷеаи бузурги Ҷанги шаҳрвандӣ ҳастем, ки дар он Ҳизби наҳзати ислом даст дошт. Аъзоёни ин ҳизб ба қатлу куштори шаҳрвандони Тоҷикистон машғул буданд. Нооромиҳои солҳои 90-ум пурра нақшаи тарҳрезишудаи ҲНИ буд. Ҳоло ҳам дар Аврупо ҲНИ бештар ба ҷалби ҷавонон ва ба дом андохтани онҳо машғул аст… Ва ҳоло ҳам ҳадафи ин ҳизб ҳоло ҳам ноором сохтани вазъи Тоҷикистон аст.”
-Шумо ҲНИ-ро ҳизби қотил ва фоҷеаовар гуфтед, аммо дар Аврупо бо онҳо созиш кардед.
-Инро вазъият тақозо мекард ва ман инро дар изҳоротам гуфтам.
АЗ ИЗҲОРОТИ ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ:
“Мо ҳақиқати воқеии ҲНИ-ро дер дарк кардем. Шумо шоҳид будед, ки аъзоёни содиқи ин ҳизб дар Аврупо Сатторов Имомиддин ва Иброҳими Назар низ ба Ватан баргаштанд. Инҳо дар дохили ҳизб буданд ва фиребу найрангҳои Муҳиддин Кабириро фаҳмиданд.”
-Чаро маҳз Кабириро роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон интихоб карданд?
-Номзадии чанд нафар ба Шӯро гузошта шуд ва ӯ раъйи бештарро соҳиб гашт.
-Пас аз оне, ки шумо баргаштед, ҳамсангарони собиқатон эълон карданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон шуморо аз фурудгоҳи Маскав дуздидаанд. Ин гуфта асос дорад?
-Не, албатта. Ман худам омадам, касе маро маҷбурӣ наовардааст. Баръакс, маро хеле хуб қабул карданд.
-Дар Ватан будан бароятон афзалтар аст ё хориҷи кишвар?
-Барои ман дар Ватан мондан афзалтар аст. Барои будани ман дар ин ҷо фақат озодӣ лозим аст, озодии изҳори ақида, озодии хизмат ба Ватан.
-Пӯшида нест, ки шумо дар асоси гуфтушунид баргаштед. Овоза ҳаст, ки ба ивази омаданатон Ҳукумат ба шумо як миллион доллар ваъда кардааст…
-Ин ҳарф асос надорад. Ман ҳеҷ вақт барои пул мубориза набурдаам ва барои баргаштан низ пул напурсидаам. Ман номард нестам, худамро намефуршам.
-Аммо дар кишвари мо ҳизбҳое буданд, ки аз хориҷи кишвар маблағгузорӣ мешуданд. Шумо ҳизберо, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешавад, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
-Ман ҳар гуна маблағгузории хориҷиро барои ҳизби сиёсӣ маҳкум мекунам. Маблағгузории ҳизби сиёсӣ як навъ хиёнат ба миллат ва аъзоёни ҳизб аст.
-Дар Аврупо шуморо кӣ маблағгузорӣ мекард?
-Аъзоёнамон аъзоҳаққӣ медоданд…
-Ҳамчун сиёсатмадоре, ки фаъолиятатонро дар Ватан идома доданӣ ҳастед, аввалин пешниҳодоте, ки ба Ҳукумат мекунед, чӣ хоҳад буд? Эҳтимол барномае рӯйи даст доред?
-Муборизаро бар зидди коррупсияро мустаҳкам кардан, ҷавонони лаёқатмандро ба кор ҷалб намудан, маоши омӯзгоронро зиёд, вазъи тандурустиро беҳтар кардан. Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва озодии сухан таъмин шавад .
-Шумо ин пешниҳодҳоятонро ба роҳбарияти олии кишвар чӣ тавр мерасонед?
-Ман мехоҳам, ки мушкилоти Тоҷикистон омӯхта, бо кишварҳои пешрафта муқоиса карда, ба таври хаттӣ ба Ҳукумат пешниҳод кунам. Бештар мехоҳам фазои иқтисодии кишвар дигаргунӣ пайдо кунад.
-Дар ин маврид шумо дар изҳоротатон ҳам гуфта гузаштед. Ба ақидаи шумо чӣ бояд кард, ки вазъи иқтисодии кишвар беҳтар шавад?
-Аввал ин ки имрӯз дар Тоҷикистон сатҳи сармоягузорӣ паст аст. Барои ҷалби сармоя низоми шаффоф ва мизони коррупсия поён бурда шавад. Судҳо мустақил ва арбитражҳо фаъол бошанд, ки тавонанд масъалаҳоро омӯзанд ва ҳукми одилона бароранд. Низоми андозбандиро бояд тағйир диҳем, ки монеъи рушди иқтисодиёти кишвар аст. Масалан, дар Гурҷистон сатҳи андозбандӣ 9 дарсад аст, аз мо бошад хеле баланд. Ин таҷрибаро бояд омӯзем. Мо неруи кории арзон дорем, ашёи хоми мо арзон ба хориҷи кишвар меравад ва монанди ин монеъи рушди иқтисодиёти мо ҳастанд. Вақте сармоягузор меояд, фазои сиёсӣ ва иқтисодии мамлакатро меомӯзад, мебинад, ки дар 5 сол тоҷирон то чӣ ҳад муваффақ буданд, вазъи ҳуқуқиро меомӯзад, фаъолияти бонкҳоро таҳлил мекунад ва баъдан вориди бозор мешавад. Бинобар ин, ҳукуматдорони мо бояд танқидпазир бошанд, ба пешниҳоду ақидаҳо гӯш дода, онро омӯхта, фаъолият намоянд. Мо наметавонем ҳамаи миллатро пайваста ба муҳоҷират фиристем, билохира, ки мардум мехоҳад рӯзгори нек дошта бошад. Ҳамин вазъи иқтисодӣ ва муҳоҷират аст, ки ҷавонони мо ба хориҷи кишвар рафта, ба гурӯҳҳои радикалӣ мепайванданд, фиреб мехӯранд.
-Шумо гуфтед, ки бештари аъзоёни шумо ва умуман онҳое, ки дар сафи мухолифин ҳастанд, ҷавонон мебошанд. Ин ҷавонон огоҳона, ба сафи мухолиф мепайванданд ё кӯр-кӯрона?
-Воқеан, ҷавонон дар сафи мо хеле зиёданд. Миёнашон ҳам ҷавононе ҳастанд, ки вазъи Тоҷикистон барояшон муҳим аст ва нисбати мушкилоти кишвар бетараф нестанд. Ман ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои радикалӣ мепайванданд, маҳкум мекунам. Мо бояд барои давлати демократӣ ва дунявӣ мубориза барем. Мардуми Тоҷикистон дунявиятро мепазиранд ва кишвари мо барои низоми дунявӣ мусоид аст.
Шарофиддин Гадоев ва Алишер Абдураҳмонов
-Дирӯз Шӯрои Паймони миллии Тоҷикистон шуморо аз вазифа барканор кард.
-Бале, хабар дорам ба ҷойи ман Алишер Абдураҳмоновро интихоб кардаанд.
-Яъне, шумо имрӯз дар мубориза танҳоед?
-Бо собиқ тарафдорони “Гурӯҳи 24”, ки ба Ватан баргаштанд, кӯшиши ҳамкорӣ мекунам.
-Шумо феълан шаҳрванди кадом кишваред?
-Ман шаҳрванди Тоҷикистонам ва паноҳандагии Нидерландияро дорам.
-Шумо дар мавриди фазои бозии сиёсӣ ҳарф мезанед. Дар ин чаҳор рӯзи дар Ватан будан, фазои Тоҷикистонро чӣ гуна дарёфтед?
-Ман фикр мекунам, ки фазо боз аст ва дар ҳамин фазо фаъолиятамонро идома медиҳем, шояд ҳизберо созмон медиҳем.
-Дар кадом шакл? Динӣ?
-Не, ман зидди ҳизби динӣ ҳастам. Таҷрибаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки аз ҳизбҳои мазҳабӣ ҷуз нооромӣ чизеро интизор шудан нашояд. Мо бояд Тоҷикистони нав созем. Кишвари мо имрӯз обод мешавад. Махсусан ободкориҳои раиси шаҳри Душанбе барои ман ғайриинтизор буд. Ин қадар тағйироти куллиро ҳатто интизор набудам. Ӯ ҷавон, ки ҳаст бо фикрҳои тоза шаҳри Душанберо обод кардааст. Мо – ҷавонон низ бояд барои ободии Ватан бикӯшем ва ҳадафи асосии мо рушди Тоҷикистон бояд бошад.
-Ба самимияти ҳарфҳои шумо то чӣ ҳад эътимод метавон кард?
-Ман барои миллат, барои Ватан ҳамеша самимӣ ҳарф мезанам…
-Ватан барои шумо чӣ аст?
-Ҳама чиз…
МАЪЛУМОТНОМАИ “ТОҶИКИСТОН”
Шарофиддин Гадоев 34 сол аст ва яке аз чеҳраҳои шинохта миёни мухолифини тоҷик ба шумор меравад. Ӯ яке аз муассисони “Гурӯҳи 24” бо Умаралӣ Қувватов аст. Пас аз марги Қувватов дар Аврупо паноҳандагӣ пайдо кард ва дар ҳамон ҷо ба сафи мухолифин пайваст. Соли 2018 Шарофиддин дар Ҳоланд ҷунбиши “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон”-ро таъсис дод. Пас аз таъсиси иттиҳоди мухолифини тоҷик – Паймони миллии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Муҳиддин Кабирӣ ба дӯш дорад, Шарофиддин Гадоев муовини он таъин гардид.
Одил Нозир
Душанбе – Фархор
“Тоҷикистон”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ