“Шароит надорам…”- иддаои мардум пеш аз ид
Хабарнигори сомонаи Pressa.tj ба яке аз бозорҳои пойтахт рафт ва аз сокинон пурсид, ки дар баробари қимматии нарху навои маҳсулоти ниёзи мардум оё тайёр ҳастанд, ки монанди солҳои пеш дар иди Рамазон дастархони идона ороянд?
Мардуми ба ин пурсиш ҷавобҳои гуногун доданд. Яке аз шароит надоштанаш гуфт, дигаре аз меъёр боло рафтани нарху наво, саввумӣ, нафақаро бо нархи бозор муқоиса карду чаҳорумӣ аз дастархонороии маҷбурӣ шиква кард.
Видеоро ин ҷо метавонед бубинед:
Ёдовар мешавем, ки агар пеш аз моҳи октябри соли 2020 як килограмм шакар 6 сомонӣ буд, ҳоло аз 10 сомонӣ боло аст. Агар як летр равған 12-13 сомонӣ буд, ҳоло аз 20 сомонӣ боло аст. Агар 50 кило орд камтар аз 200 сомонӣ буд, ҳоло ба 250-260 сомонӣ расидааст. Яъне дар чанд моҳи охир яку якбора нархи маҳсулоти ниёзи мардум боло рафт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ