Шарора боз фурӯ рафт
Дар шаҳраки Узбекистони ноҳияи Ҳисор, ки барои сокинони аз заминларзаи пурқурбонии соли 1989 осебдидаи деҳаҳои Оқулии боло ва Оқулии поён бунёд шуда буд, замин боз фурӯ рафта, ҳатто роҳи мошингардро аз байн бурдааст. Дарозии ин чуқурӣ 31 метр ва бараш тақрибан 20 метр аст.
Як хонандаи сомонаи «Ахбор” видеои фурӯ рафтани замин дар маҳалли заминларзаи пурқурбонии Шарораро фиристод. Дар ин видео дида мешавад, ки дар канори шаҳраки Узбекистон бар асари фурӯ рафтани замин як чуқурии бузург ба вуҷуд омадааст. Муаллифи видео давру бари ин чуқуриро чен кард ва гуфт, дарозиаш 31 метр ва бараш қариб 20 метр ва масоҳаташ дар маҷмӯъ беш аз 600 метри мураббаъ аст.
Бар асари фурӯ рафтани замин як қисмати роҳи мошингарде, ки аз паҳлуи шаҳраки Узбекистон мегузашт, низ фурӯ рафтааст ва аз паҳлуяш ҳоло як роҳи муваққат барои убуру мурури мошинҳо дуруст кардаанд.
Соати панҷи субҳи 23 январи соли 1989 дар ин минтақа заминларзаи шадиди 7-баллие рух дод, ки боиси канда шудан ва болои деҳаҳои атроф рехтани як бораи кӯҳ шуд. Бар асари он офати табиӣ дар шаҳраки Шарора беш аз 200 нафар ва дар деҳаҳои Оқулии боло ва Оқулии поён қариб 70 нафари дигар ба ҳалокат расиданд.
Он вақт СССР ҳанӯз побарҷо буд ва бо кумаки ҷумҳуриҳои дигар дар ҷои деҳаҳои харобшуда шаҳракҳои нав бунёд карданд. Шаҳраке, ки барои сокинони аз заминларза осебдидаи Оқулии боло ва Оқулии поён сохта шуд, ба хотири саҳми ҷумҳурии Узбекистон дар бунёди он шаҳраки Узбекистон ном гирифт.
Фурӯ рафтани замин дар паҳлуи шаҳраки Узбекистон ҳоло боиси нигаронии сокинон шудааст, ки мабодо фоҷиаи 28 соли пеш аз нав такрор шавад?
Бознашр аз «Ахбор»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ