Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами Тоҷикистон фурӯзон мешавад
9-сентябр ба ифтихори ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон шаршараи машҳури Ниагара, ки яке аз зеботарин ва балантарин шаршараҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад, бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯзон хоҳад шуд.
Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаршараи Ниагара рӯзи 9-сентябри соли равон аз соати 07:15-и субҳ бо вақти Душанбе фурӯзон мешавад, ки бо сабаби тафовути зиёди вақт ба 8 сентябр, соати 22:15 бо вақти Ню-Йорк рост меояд.
Ин чорабинии ҷолиб ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври мустақим пахш мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ