Шарти Трамп пас аз парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ
Доналд Трамп ваъда дод, ки маводҳоро дар бораи куштори Ҷон Кеннеди ва ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябри соли 2001 ифшо мекунад.
Ба иттилои «Fox News«, ӯ гуфт, ки дар сурати президенти ИМА интихоб шуданаш ин корро мекунад. Интихоботи 60-умини президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида 5-уми ноябри соли 2024 баргузор мешавад.
Трамп алорағми он ки алайҳи ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, суд ӯро гунаҳгор низ баровардааст ва эҳтимоли зиндонӣ шуданаш мавҷуд аст, мехоҳад дар сабқатҳо ширкат кунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ