Шартномаи Ҳасбулла Магомедов бо Дана Уайт
Блогери доғистонӣ Ҳасбулла Магомедов бо ташкилоти UFC шартнома баст ва ин ҳодисаи муҳим дар ҳаёташро корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба навъҳои гуногун қабул карда, қисме танқиду таҳқираш карданд.
Блогер ба ҳамагон чунин ҷавоб дод:
-Бародарон ва хоҳарон, ман шартнома бастам, вале ин маъноеро надорад, ки ман ҳар маҳсулоти ҳаромро реклама кунам ё дар мусобиқа иштирок намоям, балки танҳо имкон дорам ҳама ҷангҳоро ба таври зинда тамошо кунам. Суханони қабеҳ навиштан лозим нест, ҳамаашро вақт нишон медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки як рӯз пеш аз ин Ҳасбик дар Инстаграм суратеро илова карда, дар шарҳаш навишт, ки бо ташкилоти UFC шартнома баст.
Ҳамчунин, ӯ ба президенти UFC Дана Уайт ва варзишгари маъруф Ҳабиб Нурмагомедов барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ