Шартномаи қабл аз никоҳ ҳатмӣ мешавад
Дар Тоҷикистон тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила таҳия шудааст, ки аҳдномаи никоҳро миёни навхонадорон ҳатмӣ мекунад.
То кунун созиши миёни ҳамсарони оянда пеш аз никоҳ як кори ихтиёрӣ буд. Таҳиягарони ин лоиҳа мегӯянд, аҳднома ё қарордоди ҳатмии никоҳ метавонад аз фурӯпошии хонаводаҳои зиёд ҷилавгирӣ кунад. Баррасии тарҳи нав рӯзи 16 ноябр дар парлумони Тоҷикистон сурат гирифт.Равшан Раҷабзода, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатии парлумони Тоҷикистон гуфтааст, ки “ҳоло ду лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила вуҷуд дорад. Яке аз ин лоиҳаҳо аз сӯи Маҷлиси намояндагон тасвиб шуда, дар ҳоли баррасӣ дар Маҷлиси миллӣ аст. Лоиҳаи дигари тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила таҳия шуда, ҳоло бо назардошти хулосаи ҳукумат, такмил хоҳад шуд.”Дар лоиҳаи нави Кодекси оила, ки аҳдномаи ҳатмии никоҳ як бахши он аст, ба ӯҳдадориҳои зану шавҳар таъкид шуда, масъалаи тақсими амвол пас аз талоқ яке аз масоили калидиаш мебошад. Муаллифони ин лоиҳа аз ҷумла волидони арӯс ва домодро низ дар ин аҳднома шарик карда, дар сурати бекор шудани никоҳ дар тақсими авмол, онҳоро низ масъул дониста буданд.Аммо ҳукумати Тоҷикистон шарикии волидонро дар аҳдномаи никоҳи издивоҷкунандагон маъқул надониста ва гуфтааст: “Пешбинӣ намудани шахсони сеюм (падару модари домод ё арӯс) дар аҳднома боз як ҳолати номуайяниро ба бор меорад”.Ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар поёни хулосаи хеш дар робита ба тарҳи нави тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила гуфтааст, ки лоиҳа “таҷдиди назар” карда шавад.Тарҳи тағйиру иловаҳои нав ба Кодекси оила дар ҳоле сурат мегирад, ки дар Тоҷикистон мизони пошхӯрии оилаҳо сол ба сол меафзояд ва дар натиҷа ҳазорҳо зан бо тифлонашон бесарпаноҳ мемонанд. Дар муқобили беш аз 53 ҳазор издивоҷ дар 9 моҳи соли ҷорӣ, беш аз 6 ҳазор талоқ, аз назари коршиносон, нишондоди ташвишовар аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ