Шаш ҳодисаи лағзиши тарма дар рӯзи аввали баҳор! КҲФ ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад
Якуми марти соли 2022 соати 15:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар километрҳои 42, 43 ва 48-и роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим, ки аз қаламрави ҷамоати Аскар Замирови ноҳияи Ишкошим убур мекунад, се маврид лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин дар километрҳои 7, 8 ва 24-и роҳи Хоруғ-Ишкошим, дар ҳудуди деҳаи Пиш, ҷамоати деҳоти Ғарибшоҳи ноҳияи Шуғнони ВМКБ низ се ҳолати лағзиши тарма сабт шудааст.
Тавре манбаъ меафзояд, барои тоза кардани роҳҳо кормандони Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техникаи махсус ҷиҳати рафъи оқибатҳои офати табиӣ корҳои зиёдро анҷом додаанд. Айни замон корҳои тозакунии роҳҳо ба анҷом расида, ҳаракати нақлиёт барқарор шудааст.
Зимнан, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар аз аҳолӣ хоҳиш кардааст, ки аз сафарҳои безарурат ба қитъаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ