Шаш генералу ҳафт полковники армияи Русия кушта шудаанд?!

Артиши Украина иддао дорад, ки ду генерали рус дар набардҳо дар вилояти Херсон кушта шудаанд.
Бар асоси изҳороти ахири Сарраёсати истихбороти Вазорати дифои Украина, ду генерали артиши 49-уми муттаҳидаи Русия дар вилояти Херсон кушта ва як нафари дигар сахт маҷрӯҳ шудааст. Бино ба иттилоъи хадамоти кашфи Украина, як посгоҳи сайёри фармондеҳии артиши Русия тахриб шудааст
Дар шароити даргириҳо Би-би-сӣ наметавонад иттилоъеро, ки мақомоти расмӣ интишор мекунанд, зуд таъйид кунад. Рӯзноманигорон ва мақомоти Украина хабар доданд, ки аз оғози ҷанг дар Украина дастикам 14 намояндаи фармондеҳии олии нерӯҳои Русия, аз ҷумла шаш генерал, ҳафт полковник ва як капитани рутбаи 1 кушта шудаанд.
 Мақомоти Русия марги танҳо як генерал дар ҷараёни «амалиёти махсус» дар Украинаро тасдиқ карданд. Коршиносони ғарбӣ тахмин мезананд, ки тайи ду моҳ дар муқоиса бо дигар даргириҳои баъд аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ бештар генералҳои рус дар ҷангҳо дар Украина кушта шудаанд, ки ин метавонад аз омодагии заиф ва мушкилот бо фармондеҳии нерӯҳои Русия шаҳодат диҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *