дандон

Шаш одате, ки ҷаҳонро зиндон мекунад

“Роҳати дунё зану дандон бувад, Бе зану дандон ҷаҳон зиндон бувад!” мегӯянд. Дар ҳақиқат дандон узви ниҳоят муҳими инсон аст, зеро таъму маззаи хӯрокро мо маҳз бо кумаки дандонҳо эҳсос мекунем. Аз ҳамин хотир, дандонҳоро эҳтиёт кардан лозим аст. Дар ин нигошта мо дар бораи баъзе одатҳои баде маълумот медиҳем, ки боиси осеб дидан ва рехтани дандонҳо мегарданд.

1. Газидани нӯги қалам ё дастаки айнак

Аксари одамон ҳангоми ба фикр фурӯ рафтан ё ҳолати оддӣ сарпӯши ручкаву қалам ё дастаки айнакро мегазанд. Ин ҳолат, агар тез-тез такрор ёбад, дар дандон тарқишчаҳо пайдо мешаванд ва бар замми ин, бактерияҳо ба осонӣ ба холигиҳои даҳон тавассути асбоби газида ворид шуда, боиси гирифтор гаштани кас ба ҳар хел касалиҳо хоҳанд шуд. Майли газидану хоидан дошта бошед, беҳтараш сақич хоед, вале на аз меъёр зиёд.

2. Шикастани писта ва донаи офтобпараст

Зуд-зуд шикастани писта ва донаки офтобпараст бо дандон ба пӯсидани дандонҳо оварда мерасонад, илова бар ин, газидани пистаи зиёд ба милкҳои дандон низ осеб расонида, боиси сар задани бемориҳои сироятӣ дар даҳон мегардад.

3. Истифодаи чуткаи дандоншуйӣ

Чуткаҳои дандоншӯӣ барои зуд тоза кардани дандонҳо пас аз хӯрок пешбинӣ шудаанд, аммо чуткҳои дурушти дандоншӯйӣ милки дандонҳоро вайрон карда, боиси хунравӣ дар милкҳои дандон мегарданд. Аз ҳамин хотир, ба шумо тавсия медиҳем, ки чуткаҳои хушсифати дандоншӯиро интихоб намоед.                   

4. Истифодаи ришта

Баъзеҳо чунин одат доранд, ки пас аз хӯрок хӯрдан, агар дар байни дандонҳояшон пасмондаи хӯрок дармонда бошад, онро тавассути ришта тоза мекунанд. Ин амал ба дандонҳо зарар дорад.

5. Ғиҷирроси дандон

Ғичирроскунии дандон бештар дар ҳолати хоб рӯй медиҳад, аз ин лиҳоз, идора кардани ғиҷирроси дандон ғайриимкон аст. Одамоне, ки чунин мушкил доранд, бояд фавран ба духтур муроҷиат намянд, зеро ин метавонад нишонаи ягон бемории асаб бошад. Ҳангоми ғиҷирросзанӣ дандонҳо бо ҳам соиш мехӯранд ва сире, ки дандонҳоро мепӯшонад, осеб мебинад.

6. Газидани нохун Як одати бади дигар, ки боиси осеб дидани дандонҳо мешавад, газидани нохунҳост. Нохунхоӣ бениҳоят одати зараровар аст. Аввалан, аксарияти бактерияҳои даст дар зери нохун ҷойгиранд ва бо газидани он ба холигоҳи даҳон медароянд, сониян, дар дандонҳо тарқишҳо пайдо мешаванд, ки дар оянда боиси пӯсидани дандон мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *