Шаш қурбонии Магнитогорскро ба хок супориданд
Рӯзи ҷумъа маросими хоксупории қурбониҳои таркиш ва фурӯпошии бинои истиқоматӣ дар Магнитогорски Русия оғоз шуд. Баъди такиш як бахши бино сарозер шуд ва ба маълумоти расмӣ 39 нафарро қурбон кард. Дар ду маросими ҷудогонаи хоксупории рӯзи ҷумъа даҳҳо нафар ширкат карданд. Яке аз маросимҳо ба Виктор Воронтсов бахшида шуд, ки дар зери оворҳо ҷон бохт, вале зану духтараш зинда монданд.
Маросими дигар ба хотири хонаводаи Крамаренко буд. Дар пайи таркиш тамои аъзои ин хонавода: зану шавҳари 31 сола Игор ва Анастасия ва духтари якунимсолаи онҳо Милана ҳалок шуд. Дар маҷмуъ рӯзи ҷумъа маросими хоксупории шаш қурбонӣ ҷараён гирифт. Дар ин ҳодиса як зани тоҷик бо се фарзандаш қурбон шуда, падари хонавода зинда монд. Ҷасади модару фарзандонаш дар Тоҷикистон ба хок супурда мешавад.
Таркиш дар бинои истиқоматии даҳошёна дар Магнитогорск субҳи 31 декабр сурат гирифт. Ба гуфтаи Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ аз таркиши шадид 35 манзил комилан ва 10 хонаи дигар қисман хароб шуд. Хадамоти наҷот аз аз қатъ шудани корҳои ҷустуҷӯӣ хабар дод. Дар ин бино 110 нафар зиндагӣ мекард.
Кумитаи тафтишоти Русия бештар ба фарзияи таркиши гази табии бартарӣ медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ