Зулайхо Маҳмадшоева

Шавҳари нави Зулайхо кист?

Зулайхо Маҳмадшоева — яке аз маъруфтарин ситораҳои попи тоҷик рӯзгори бисёр пӯшида дорад. Ӯ аз сарнавишти хеш бисёр кам ба рӯзноманигорон суҳбат меорояд ва аз ҳаёти шахсиаш кам мегӯяд. Вале дар ин авохир Зулайхо сукутро шикаст. Ӯ дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исоев парда аз зиндагии хеш бардошт.

— Чанде пеш тӯйи Дилноза — хоҳари шумо баргузор шуд. Ин тӯй чӣ тавр сурат гирифт?

Мо бо домод риштаи хешутаборӣ дорем. Як рӯз ба ман занг зада, ин пешниҳодро карданд. Домоду арӯс якдигарро дида писандиданд ва тӯй шуданд. Ҳоло зиндагиашон хуб аст.

— Шунидам, ки бародари калониатонро неву хурдиро якум хонадор кардед. Чаро?

Бале. Онҳо ошиқ буданд. Бародарам гуфт, ки агар хостгорӣ накунед, арӯс шавҳар мекунад. Ҳамин тавр дар 19солагӣ оиладор шуд ва ҳоло шукр, ду фарзанд дорад.

— Бори зиндагиро ба дӯш гирифтан душвор нест?

Душвор аст, вале чун ман фарзанди калонӣ ҳастам, ҳамаи бори зиндагӣ ба дӯши ман аст. Модарам ҳам ба ман бовар дорад ва ҳамаро ба дӯши ман мегузорад. Ман ҳам чун як марди хона сарвари оила ҳастам.

— Чаро модар бештар ба шумо бовар доранд?

Чун ман пеш аз ҳама коргар шудам. 12 соли охир бори ин хонаро ман мекашам.

— Падаратон дар Украина ҳастанд? Дар замони ҷанг чӣ ҳол доранд?

Бале, бо эшон суҳбат мекунем. Мегӯям биёед, он ҷо хатарнок аст, вале мегӯянд, ҳар чӣ дар тақдирамон аст, онро мебинем. Ва ҳоло он ҷо ҳастанд.

— Падар он ҷо зан дорад?

Бале. Ҳамсари украин дорад.

— Шумо боре ӯро дидаед?

Бале. Ман ӯро ҳатто ба Тоҷикистон даъват кардам. Падари ман аз зани украинаш фарзанд надорад, бинобар ин муҳаббаташ ба ман кам нашудааст.

— Чаро падару модаратон аз ҳам ҷудо шуданд? Боре суол кардед?

Бале. Вақте кӯдак будам, зиёд мепурсидам, ҳар ду якдигарро гунаҳгор мекарданд. Вақте калон шудам, ҳамаро фаҳмидам. Ман касеро гунаҳгор карданӣ нестам, вале дилам ба модарам месӯзад. Дар зинадагӣ зиёд азоб кашиданд. (ашк мерезад)

— Чӣ ба ёдатон омад, ки мегиред? Ранҷу машаққати модар?

Бале.

— Модаратон барои ёфтани ризқу рузӣ ба Русия рафта буд?

Бале. Ман аз рӯзе, ки ба дунё омадам, модарамро ба серӣ надидам. Модарам барои зиндагӣ ва таъмини мо ба Русия рафта буд.

— Шуморо кӣ нигоҳ мекард?

Дар хонаи бибиам буданд хоҳару додаронам. Ман бошам, дар хонаи тағоям. Парешон будем.

— Оиларо шумо сарҷамъ кардед?

Бале. Ман аз кӯдакӣ орзу мекардам, ки як рӯз оиларо сарҷамъ кунам. Ба модарам мегуфтам, ки ҳофиза мешавам ва ба шумо хона мехарам. Модарам мегуфт, ки “э санъаткор шудан осон нест…”. Билохира ман гуфтам, ки “модарҷон шумо иҷозат диҳед, ки ман ҳунарманд шавам, ҳеҷ вақт обрӯйи шуморо намерезонам. Ман мехоҳам ба шумо хона харам…” Модарам дуо дод: “Ба ман хона нахар, ба орзуят расӣ шуд.” Дуои модарро гирифтам, вале хеле азият кашидам то ба ин рӯз расам.

— Дар Русия модар чӣ кор мекарданд?

Намедонам. Хурд будам, намепурсидам.

— Аз Русия чӣ мефиристод?

Либосҳои кӯдакона.

— Дар хонаи бибӣ ва тағоҳо шуморо шавҳар додан намехостанд?

Бале. Бибиам мегуфт, ки як баҳори дигар шавҳарат медиҳам. Ин дар зеҳни ман нишаста буд. Бинобар ин ҳанӯз аз кӯдакӣ нонбандиву хӯрокпазиву дигар корҳоро омӯхтам. Вале тақдири ман дигар хел сурат гирифт. Вале бибиамро ба хонаи Худо фиристодам.

— Аз тарафи зани тағову амак, холаву амма азият нашудед?

Буданд чунин ҳолатҳо. Вале дар ҷавоби ҳамаи ин барояшон хизмат кардам.

— Ҳатто дар ҷавоби бадӣ?

Бале.

— Чаро?

Намедонам. Шояд Худованд ба дилам андохт. Ба баъзеашон хона харидам. Дар арӯсии фарзандонашон аз аввал то охир кӯмак кардам. Дар дигар чизҳо низ. Аз барои Худо.

— Хиҷолат мекашанд?

Бале. Вале ман намегузорам. Зуд суҳбатро ба дигар сӯ мебарам.

— Ба шаҳри Душанбе чӣ тавр омадед?

Ёдам нест бо кӣ омадам. Дар хонаи аммаам меистодам. Пул намедодам, вале тамоми корҳояшонро мекардам. Боз вақт ёфта, ба Филармония ба машқи овоз мерафтам. Баъдан ба хонаи Зарнигори дугонаам кӯчидам. Ӯ дар Филармония рақс мекард. Модари Зарнигор дугонаи модарам ва ба ман чун хола ҳастанд.

— Бо Манижаи Давлат чӣ гуна шинос шудед?

Дар як нишаст эшонро дидам.Замоне ки наздашон рафтам, хоҳиш намудам, ки рақами телефонатонро диҳед. Он ҷо духтарони зебо зиёд буданд. Ман хурдаки назарногир будам. Рақамашонро гирифтам. Хона рафта, ҷуръати занг задан накардам. Ва баъди чанд рӯз паёмак фиристодам, ки шуморо дӯст медорам ва мехоҳам шогирдатон бошам. Баъд ба ман занг заданд. Ман чанд суруд хондам, садои чанд касро тақлид кардам. Гуфтанд, ки ҳамаро тақлид кардӣ, акнун маро тақлид кун. Вақте як сурудашонро мехондам, телефонро куштанд. Ва паёмак фиристод. Ҳамин тавр қарори мулоқот шуд. Шаб буд. Мо вохӯрдем. Ӯ вақте маро дид, оғӯшашро боз кард. Ва ман давида рафта, ба оғӯшаш гирифтам. Гуфт “э ту ниник будӣ ку…” Ва ҳамин тавр, чанд вақт маро “ниник” садо мекард.

— Бисёриҳо аз рӯзгори Манижаи Давлат мепурсанд…

Рӯзҳои иду ҷашнҳо ва зодрӯзҳояшон телефонӣ суҳбат мекунем. Хуб ҳастанд.

— Чанд таронаи ӯро сароидед?

Бале. Аз албоми охиринам таронаи “Намебахшам”. Аз таронаҳои пешин “Духтараки фархорӣ”, “Ошиқӣ дигар тамом аст” ва ғ.

— Замоне дар тарабхонаҳо низ овозхонӣ мекардед?

Бале. Дар оғози қадамҳои нахустинамро ба ҷодаи ҳунар монданам бисёр душвор буд. Чун ман маблағгузору пуштибон надоштам. Мехостам пул кор кунам ва тарона эҷод кунам. Чун дусе суруд сабт кардам, аллакай маро ба тӯйҳо даъват мекарданд. Дигар ҳоҷат ба тарабхона намонд.

— Аввалин хонаатонро чӣ тавр харидед?

Аввалин бор вақте хонахарон шудам, Орзу Исоев гуфтанд, ки як ҷо ҳаст, ки хонаро мехарӣ, камкам пулашро медиҳӣ. Яъне, ипотека. Ман гуфтам, ки якхонагӣ мехарам. Эшон тавсия доданд, якбора духонагӣ бихар. “Ман пулашро дода наметавонам” гуфта тарсидам. Он кас гуфтанд, ки метавонӣ! Ва воқеан дар муддати 34 моҳ пули хонаро додам. Ин албатта ба шарофати мухлисон аст… Аз онҳо миннатдорам.  

— Шунидам, ки аз кишвари Туркия низ хона харидед?

Бале. Дар Истамбул. Ягон вақт ягон ҷо сафар кунам, бо фарзандонам дар хонаи худам меистам.

— Фарзандон калон шуданд?

Бале, шукр. Муҳаннад 8-сола шуд. Бисёр бачаи хуб аст. Ботарбия аст. Бо англисӣ пурра гап мезанад. Фарзанди хурдиам Юзорсиф шӯху саркаш аст.

— Дар бораи издивоҷатон ва ҷудо шуданатон бипурсам. Сабаби издивоҷатон ишқ аст. Вале сабаби ҷудошавиатон чӣ аст?

Сабаб хеле зиёд аст. Кӯтоҳ мегӯям. Шавҳарам бо дигар кас издивоҷ кард.

— Дар Машриқ мардҳо ду-се маротиба зан мегиранд. Намехостед, ки ба ҳайси зани дуюм боқӣ монед?

Намешуд. Наметавонам таҳаммул кунам, ки шахси барои ман азиз дар канори дигаре бошад. Ман таҳаммули ин чизро надорам. Агар гузашт мекардам, худамро зинда ба зинда гӯр мекардам.

— Талош накард барои гирифтани Юзорсиф.

Ӯ медонист ки ҳеҷ гоҳ ӯро намедиҳам.

-Мушкил буд таҳаммули ин?

Осон нест.

— Шумо чӣ тавр аз оиладор шудани шавҳаратон хабар шудед?

— Мардум ба ман гуфтанд. Дар инстограмм ба ман порчаҳои тӯйро равон карданд. Ман тӯйро намедонистам. Ба ман намегуфт. Пинҳон медошт. Вақте дар роҳ будам, телефонро гирифтаму нигоҳ кардам, як духтар ба ман навишт, ки фалон рӯз дар фалон ресторан шавҳари шумо тӯй дорад. Телефон аз дастам афтид. Медонистам, ки имрӯз меояд. Вақте пурсидам, гуфт: “ҳа, хонагиҳо даводав доранд”.  

— Дар наворҳое, ки мардум аз тӯй мефиристоданд, чӣ буданд?

Барқасдкорӣ. Баъзеҳо ҳатто пост мекарданд, ки “хушбахт шавӣ, мувофиқатро нав ёфтӣ”. Яъне, ман ба ӯ мувофиқ набудам. Як кӯҳи вазнин буд бароям. (мегиряд) ин гиряҳо барои вай нест. Барои худам аст. Ҳозир он рӯзҳоро ба ёд оварда мегӯям. Аҳсан ба Зулайхо!

— Чӣ шуморо наҷот дод? Кӣ дасти шуморо гирифт?

— Аввал ба Худо рӯй овардам. Ҳамеша бо ӯ роз мегуфтам. Дар он ҳолат бо устод Манижаҷон як ҷо будем. Насиҳат мекарданд модарвор. Бо дигар кас дар ин бора гап намезадам. Чанд вақт бехуд будам. Ҳамин ҳолатҳоро бо сурудхонӣ мегузаронидам. Билохира Худованд ниёишҳоямро шунид ва ба хостаҳоям расонид.

— Чӣ тавр?

Як шаб дар роҳ будам. Соат 23и шаб буд. Аз кадом маъракае баромадам. Аз кӯчаи марказӣ гузашта, тарафи хона мерафтам. Хеле хаста будам ва ба оғӯши гарм ниёз доштам. Дар оина нигаристаму гуфтам: “Худоҷон, барои ман ҳама чизро додӣ, тамоми нозу неъмат, фарзандони дӯстрӯ. Ташаккур. Иншоолоҳ як рӯз ман хостаҳои туро иҷро мекунам. Мехоҳам, ки маро боз ошиқ кунӣ. Ман ишқ мехоҳам…” Гиря кардам. Ва боз гуфтам, ки марди мехостаам чӣ хел бошад. Боз ханда кардам ба ҳоли худам. Аз байн вақти зиёд нагузашта, он мард пайдо шуд.

— Аҷиб аст. Он мард кист?

Ман аллакай ин дардро доштам ва намехостам, ки шавҳари каси дигареро бигирам. Пешниҳоди зани дуюм шудан бисёр буд. Вале ман рад кардам. Марди муҷаррад мехостам, ки пайдо шуд.

-Кӣ аст шавҳари шумо?

Хеле марди хушбахт, ки маро дорад (механдад). Аслан аз нишон додани ӯ метарсам. Зеро ман аллакай як бор пешпо хӯрдам. Вақташ расад, ҳатман ба мухлисон нишонаш медиҳам…

— Ин баҳор мухлисон аз Зулайхо чӣ интизор шаванд?

Ман чанд сол аст, ки тасмим дорам, консерти бошукуҳ барои мухлисон баргузор кунам. Ҳоло толори калон мекобам. Вақте пайдо кардам, ҳатман консерт баргузор хоҳам кард.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.