Шавҳар барои шиканҷаи ҳамсараш ҳабс шуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошту ҳабси Умед Раҳмутуллоев хабар дод, ки номбурда пайваста ҳамасарашро шиканҷа медодааст.

Гуфта мешавад, кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиати шаҳрванд Рухшона Раҳматуллоева, ки аз шиканҷаву бадрафтории шавҳараш шикоят намуд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиши муроҷиати мазкур, шавҳари номбурда, шаҳрванд Раҳматуллоев Умед Ахмедович, санаи таваллудаш 10.03.1992, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ дастгир карда шуд.

Зимни санҷиши холисонаву ҳамаҷониба, пурсиши гумонбару ҷабрдида ва шоҳидони ҳодиса муайян карда шуд, ки дар ҳақиқат муддатест дар муносибатҳои оиладории номбурдагон нофаҳмӣ ҷой доштааст.

Вобаста ба ин, аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт нисбати шаҳрванд Раҳматуллев Умед протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур нисбати номбурда ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *